Дар доираи сиёсати ғамхорона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, инчунин дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Пешвои миллатамон чунин суханон садо доданд: “Моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва назидикону пайвандон мебошад”, аз ҷониби иттиҳодияҳои динии кишвар бахшида ба Иди саиди Фитр як қатор корҳои хайриявии сохтмонӣ ва дастгириву кӯмакҳои яквақтаина амалӣ карда шуданд.
Дар доираи чунин амалҳои хайр, дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ бо маблағи зиёда аз 100000 ҳазор сомонӣ пули мошингузар сохта, ба истифода дода шуд. Чунин иқдом дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, низ анҷом дода шуд, ки дар доираи он бунёди сохтмони зербинои хонаи истиқоматии ду хонаводаи камбизоат, ки қаблан фурӯ рафта буд, аз нав карда шуд.
Дар баробари ин, чунин иқдомот аз ҷониби иттиҳодияҳои динии дар кишварамон фаъолияткунанда дар шаҳри Бохтар, деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти Деҳқонободи вилояти Хатлон, деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон, шаҳри Турсунзода ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакатамон ба оилаҳои камбизоат ва шахсони ниёзманд кӯмаки яквақта расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иттиҳодияҳои динии кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки минбаъд низ тамоми имконият ва заминаҳо ҷиҳати расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шавад.