Гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Марҳабои Абдусалом, сардори шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии дар ноҳия, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ робита бо ҷомеа ва мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар деҳаи Сари найи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, роҳҳои мубориза бо таҳдидҳои муосир, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, воситаҳои таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносӣ, тарбияи меҳнатдӯстии ҷавонон ва сафарбар намудани шаҳрвандон барои кор ба НБО “Роғун” баррасӣ шуданд.
Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи моҳият ва мақсади эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мебошад.