ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БА ИФРОТГАРОӢ ВА ХУРОФОТПАРАСТӢ

Дар таърихи 25 апрели соли 2024 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷиҳати амалисозии нуктаҳои асосии “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” (дар санаи 09.03.2024), Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ зери унвони «Масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва мубориза ба ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ дар ҷомеаи муосир» баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муҳаққиқон ва коршиносон аз институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкат варзиданд.
Масъалаҳое, ки дар конференсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд асосан иборат буданд, аз: моҳияти хурофоту хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир, ифротгароӣ манбаи таҳдид ва хатар ба ҷомеа, хурофот ва хурофотпарастӣ – монеаи рушди ҷомеа, усул ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ақидаҳои ифротгароӣ дар миёни ҷавонон, санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолиятҳои террористиву экстремистӣ, маърифаткунонии ҷомеа усули фаъоли мубориза ба ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта ҳамчун омили пешгирӣ аз тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ ва ғайра.
Дар чорабинӣ донишҷўён ва омўзгорони Донишкада иштироки фаъолона доштанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top