ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар ҷамоатҳои Навкат, Куруш ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен вохӯрӣ баргузор шуд.
Ин иқдом ҷиҳати шарҳи муҳтавои суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки дар таърихи 9 марти соли 2024 доир гардида буд, роҳандозӣ шуд.
Дар мулоқоти мазкур муовини Раиси ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода, прокурори калони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Азимҷон Неъмат, мутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Бурҳониддин, мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло ва сармутахассиси шуъбаи ташхис ва иттилооти диншиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоев Насимҷон иштирок намуданд.
Масъулин доир ба пешгирии хурофотпарастӣ, сабаб ва пайомадҳои гароиш ба фарҳанги бегона, оқибатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, мубориза бо таҳдидҳои муосир, бахусус терроризм ва экстремизм баромад намуданд.
Ҳадаф аз ин иқдом таҳкими маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои нохуши зуҳуроти номатлуб маҳсуб меёбад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top