Дар партави суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динӣ кишвар, ки санаи 9 –уми марти соли 2024 баргузор гардид, имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолон ва сокинон баргузор гардид.