ФАКТҲОИ МУҲИМ.
• ВНМО – вирусест, ки ба системаи масуният, муҳофизати одам зарар мерасонад.
• Агар шахси бо ВНМО зиндагикунанда аз табобат даст кашад, системаи масунияти ӯ заиф шуда, дигар бо сироятҳо ва бемориҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда мубориза бурда наметавонад.
Организми шахсе, ки гирифтори ВНМО аст ва табобати зиддиретровирусӣ намегирад, бо сироятҳо ва бемориҳо мубориза бурданаш душвор мешавад.
Ҳамин тавр, агар ВНМО табобат карда нашавад, дар муддати то 10 сол системаи масуният осеб мебинад, дигар худро ҳимоя карда наметавонад, марҳилаи БПНМ ба амал меояд ва шахсро ба марг мерасонад.
Бо вуҷуди ин, суръати пешравии ВНМО вобаста ба синну сол, саломатии умумӣ ва тарзи ҳаёти худи инсон, ки то кадом андоза ҳаёти солим мебарад, вобастагӣ дорад.
Фактҳои асосӣ дар бораи ВНМО
• Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда метавонанд табобати зиддиретровирусиро, ки барои ҳама дастрас, ройгон ба рох монда шудааст ва натиҷааш самаранок мебошад, гиранд.
Табобати зиддиретровирусӣ сифати зиндагии шахсро хуб намуда, умрашро дароз менамояд.
• Шахси гирифтори ВНМО ҳар қадар барвақт ташхис карда, ба табобат фаро гирифта шавад, саломатӣ ва сифати зиндагияш хуб мешавад.
• Табобати самаранокии зиддиретровирусӣ сатҳи ВНМО-ро дар бадан паст мекунад, ки санҷиши хун онро муайян карда наметавонад ва сарбории вирусии он дар сатҳи “номуайянӣ” қарор мегирад. Шахси дар ин марҳила қарордошта нисбати атрофиён бехатар аст ва наметавонад вирусро ҳангоми ҳамхобагӣ ба шарики худ ё ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд ба тифли худ гузаронад.
• Санҷиши хун ҷиҳати мавҷуд будани вирус ягона роҳи муайян кардани сирояти ВНМО мебошад.
• ВНМО дар нутфа, хун, моеъҳои маҳбал ва шири модар ошкор шудааст.
• ВНМО ба воситаи арақи бадан, оби даҳон ва пешоб намегузарад.
• Беҳтарин роҳи пешгирӣ ин содиқ будан ба ҳамсари худ мебошад.
• Истифода намудани рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони номаълум беҳтарин роҳи пешгирии ВНМО ва дигар бемориҳое, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, мебошад.
• Агар шахс маводи нашъаоварро ба воситаи сӯзандору истеъмол намояд, ҳамеша аз сӯзандоруи яккарата истифода барад ва ҳеҷ гоҳ таҷҳизотро якҷоя бо дигарон истифода набарад.
• Зани ҳомилаи гирифтори ВНМО, ки аз табобати зиддиретровирусӣ саркашӣ менамояд, бояд дарк намояд, ки бо ин амалаш метавонад ҳаёти тифли худро дар хатар гузорад. Зани ҳомиладор, ки табобати зиддивирусиро намегирад, ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмакконӣ метавонад тифлашро сироят намояд. Барои пешгирии хатари интиқоли ВНМО аз модар ба фарзанд бояд табобати зиддивирусиро оғоз намуда, ба кўдак шири сунъӣ (ивазкунандаи шири модар) дода шавад.