Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Иттиллоъ дод шуд, ки соли 2023 гардиши савдои Тоҷикистон ва Покистон 52,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 62,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид шуд, ки новобаста аз нишондиҳандаҳо то ҳол ҷиҳати густариши бештари равобити иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои дуҷониба ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ зарур шумориданд.