ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Баргузории брифинг оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

13 августи соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ брифинг дар бораи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва интишори хабарҳои иғвоангез оид ба сиёсати динии ҳукумати кишвар барои роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, инчунин намояндаҳои васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Дар рафти брифинг муовини вазири корҳои хориҷӣ Ф. Шарифзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Фаррухуллоҳ, раиси Маркази исломӣ (раиси Шурои уламои Тоҷикистон) С. Абдуқодирзода, директори “Маркази исломшиносӣ” А. Холиқзода ба ҳозирин роҷеъ ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйиру иловаҳо ва шарҳу тавзеҳот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дастовардҳо ва манфиати он ба мардуми Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top