ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

МАН ТОҶИКАМУ МАСЛАКИ МАН ЭҲСОН АСТ…

Фарҳанги миллии мо – тоҷикон ҳамеша ба пояҳои башардӯстию инсонгароӣ устувор буда, арзишҳои диниамон низ дар ҳамин радиф муқаррар аст.

Имсол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз фарорасии моҳи муқаддас барои мусалмонони дунё – моҳи Рамазон басо рамзию муборак аст, зеро фазилату фалсафаи барозандаи ҳам иди Наврӯз ва ҳам моҳи шарифи Рамазон бо ҳам тавъаманд. Ҳикмати созандаи ин ҳарду бедории қалб, покии афкору андеша, тозагии манзилу ашёи рӯзгор ва дар маҷмуъ, ангезаи таҳаввулу такомули оламу одам мебошад. Ниёкони мо дар айёми Наврӯз ҳамдигарро аёдат намуда, барои якдигар туҳфаю инъомҳо мебахшиданду то соли дигар бо қаробату муҳаббат зистанро таманно мекарданд.

Суннати моҳи Рамазон низ тақвияти инсофу виҷдони худ, дарки рисолати инсонии хеш, худдорӣ аз амалҳои нораво, парҳез аз кинаву кудурат, бахшидани гуноҳони ҳамдигар, кумаку дастгирии ниёзмандону дармондагон, осон намудани мушкилоти якдигар ва саҳим будан дар офияту баракати рӯзгори ҳам мебошад.

Хайрхоҳӣ, эҳсону саховатмандӣ аз ҷумлаи сифоти хосси ойини ҷавонмардӣ ва футувват аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тавсифи ин сифати инсонӣ мефармоянд:

Эй, ки пурсӣ, кӣ беҳтарин кас кист,

Гӯям аз қавли беҳтарини касон.

Беҳтарин кас, касе бувад, ки ба хулқ,

Беш бошад ба халқ нафърасон.

Таваҷҷуҳ ва пайравӣ ба суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои динӣ дар меҳвари фаъолияти Давлату Ҳукумат қарор дорад. Ҳамасола дар айёми Наврӯз ва фарорасии моҳи мубораки Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ, саховату дастгирии эҳтиёҷмандон даъват намуда, риояи эҳсону мурувват ва танзиму адолатро таъкид менамоянд. Даъватҳои пайвастаи Пешвои миллат дар миёни ҷомеа ба таври шоиста пазируфта шуда, сафи ашхоси саховатпеша рӯз то рӯз меафзояд ва ин омил боиси беҳбуди рӯзгори мардум гашта истодааст. Хушбахтона, сатҳи зиндагии мо имрӯзҳо ба маротиб боло рафта, дар қиёс бо солҳои қабл дар ҷомеа шумораи ниёзмандон хеле кам шудааст.

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат доим таъкид мегардад, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Маҳз, сарфакорӣ дар истифода аз неъматҳои моддӣ, роҳ надодан ба исрофу зиёдаравӣ ва нигоҳдории эътидолу андоза боиси ғановати дастархони мардум ва баракати зиндагии ҷомеа мегардад. Махсусан, дар ин даврони буҳронӣ ва шароити номуътадили иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин ҳидоят қобили дастгирист.

Воқеан, посдорӣ ва риояи ҷанбаҳои зиндагисозу арзишманди фарҳанги миллӣ барои устувории давлату бақои миллат мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар кадоми моро месазад, ки барои иҷрои рисолати инсонии худ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, фаровонии рӯзгорамон аз аҷдоди бохирадамон пайравӣ намуда, барои якдигар муттакову дастгир ва хайрхоҳу эҳсонкор бошем.

Иноят Саодат Исмат

сармутахассиси шуъбаи дин,

танзими анъана ва ҷашну маросими

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top