Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки арзиши хизматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд ва ин нарх нисбат ба мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 1520 сомонӣ арзонтар мебошад. Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети рафту баргашт, меҳмонхона дар Макка ва Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хизматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб доир ба ҳаҷ ва бейҷикҳоро дар бар мегирад. Сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон аз 10 июн то 20 июн тавассути фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома мекунад.