7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.
Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи истифодаи солҳои тӯлонӣ ин роҳ фарсуда гардида буд ва он пурра азнавсозӣ карда шуд.
Корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расониданд.
Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шудааст. Паҳноии асфалти роҳ аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.
Дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар сохта, ду пули мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.
Дар мавзеъҳои гуногуни роҳи мошингарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, новаҳои обгузару обпарто ва бунёди иншооти ҳимоявии шафати роҳ бунёд шудааст.
Масолеҳи сохтмонӣ – регу шағал ва асфалти гарм аз корхонаи “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” таъмин карда шудааст.
Таъкид карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз тадбирҳои муҳими бунёду азнавсозии иншооти коммуникатсонӣ буда, дар рушди иқтисодӣ – иҷтимоии минтақа нақши муҳим дорад. Зеро ин роҳ минтақаи калони саноати кӯҳкории кишвар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, силсилаконҳои Зарнисору Бургунда, минтақаҳои кишоварзӣ ва деҳаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Мастчоҳро ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд мепайвандад. Роҳи нав вақт ва хароҷоти бору мусофиркашониро кам карда, шароитҳои меъёрии ҳаракати воситаҳои нақлиёти бору мусофиркашонро фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои дар муҳлати пешбинишуда анҷомёфта баҳои баланд дода, саҳми ширкату корхонаҳоро барои татбиқи лоиҳа назаррас арзёбӣ намуданд.
Намояндагони аҳли ҷомеаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ дар соҳаи роҳсозӣ ба Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.