ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ дар бораи фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2023

Фаъолияти Кумита дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳо ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

           Кор бо иттиҳодияҳои динӣ.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Кумита бо мақсади амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.01.2017, №33 “Дар бораи тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” ҷиҳати ба тартиб даровардани қабристонҳо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти даватии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда маълум гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 3980 қабристони амалкунанда мавҷуд мебошад. Аз ҷумла, дар ВМКБ – 528 адад, вилояти Хатлон – 1277 адад, вилояти Суғд – 906 адад, шаҳри Душанбе – 5 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1264 адад.

Дар ин давра аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи қариб 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Ходимони дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади иштирок дар раванди корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ 33352 адад гулҳои ороишӣ, 8501 бех дарахтони мевадиҳанда ва 18287 бех дарахтони сояафкан, дар маҷмуъ 60140 бех дарахт ва гулу гулбутаҳо шинонида шуд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа айни ҳол 143 воҳиди кории омӯзгорону кормандон (88 омӯзгорон ва 55 кормандони техникӣ) тасдиқ шудааст. Дар маҷмуъ, дар Донишкадаи мазкур ҳудуди 700 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Кумита тибқи тартиб корҳои омодагиро ба мавсими ҳаҷ оғоз намуда, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавими ҳаҷи соли равонро 59 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Маросими ҳаҷ дар сатҳи баланди ташкили баргузор гашт ва то имрӯз ҳамаи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд. Мутаассифона, дар ин сафар 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот карданд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамон ҷо дафн шуданд.

 

 

Ташхиси давлатии диншиносӣ

Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси 220 дархост 1213 номгӯй адабиёти динӣ ва 3375 адад варақаро ҳамагӣ дар ҳаҷми 255002 саҳифа, баробар ба 15937,62 ҷузъи чопӣ, инчунин 182 адад фита ва 24 адад телефони мобилии дорои сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод.

Аз ин теъдод ба 122 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 98 дархост хулосаи мусбат дода шуд.

Аз маводи мазкур ба 1143 номгӯй адабиёти динӣ, 2805 адад варақа, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 75 адад фита ва 6 адад телефони мобилӣ хулосаи мусбат ва ба 70 номгӯй адабиёти динӣ (дар шакли чопӣ 37 номгӯй ва дар шакли электронӣ 33 номгӯй), 570 адад варақа, баъзе аз сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 107 фитта ва 18 телефони мобилӣ хулосаи манфӣ дода шуд.

 

 Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар давраи ҳисоботӣ хатнасури хайриявии 1079 тифл ва тӯйи домодию арӯсии 165 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона гузаронида шуд.

Дар ин давра тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 12475 рейд, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 2939, ВМКБ 52, вилояти Суғд 1946, вилояти Хатлон 3741, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3797 гузаронида шудааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баргузории рейдҳо 419 (ҳамин давраи соли гузашта 416 ҳолат) ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин аст: шаҳри Душанбе 61 (ҳамин давраи соли гузашта 50) ҳолат, ВМКБ 15 (ҳамин давраи соли гузашта 8) ҳолат, вилояти Суғд 116 (ҳамин давраи соли гузашта 127) ҳолат, вилояти Хатлон 142 (ҳамин давраи соли гузашта 165) ҳолат ва ШНТҶ 85 (ҳамин давраи соли гузашта 66) ҳолат.

 Муроҷиати шаҳрвандон

Аз ҷониби Раиси Кумита ва муовинони ӯ рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монда шуда, муроҷиати онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарияти кумита дар рӯзҳои қабул 180 нафар шаҳрвандро қабул намуда, арзу дархостҳои онҳоро дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти кумита дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top