ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Президент

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. …

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб – Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз Read More »

Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд. …

Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен Read More »

Мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун

10 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз рафти корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ ва фаъолони шаҳр мулоқот доир карданд. Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи коргарони неругоҳ ва намояндагони ширкатҳои хориҷӣ …

Мулоқот бо роҳбарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун Read More »

Боздид аз ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд. Тибқи лоиҳа дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира карда мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом …

Боздид аз ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Read More »

Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Войт Ҳайдро” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ …

Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг Read More »

Боздид аз ҷараёни корҳо дар майдони назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Дар идомаи боздид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдончаи назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварда, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ шинос шуданд. Ин қисмати хатти конвейерӣ дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи об барои интиқолу захира намудани маводи …

Боздид аз ҷараёни корҳо дар майдони назоратии “Сойи оби шӯр”-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Read More »

Боздид аз ҷараёни корҳо дар иншооти обқабулкунакҳои доимии 1300 метр аз сатҳи баҳр ва нақби нақлиётии Т-9-и Неругоҳи барқи обии “Роғун”

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди боздид аз корхонаи сангу шағали ширкати “Вибилд”, ба майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, ташриф оварданд. Дар ин мавзеъ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз …

Боздид аз ҷараёни корҳо дар иншооти обқабулкунакҳои доимии 1300 метр аз сатҳи баҳр ва нақби нақлиётии Т-9-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Read More »

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба Туркманистон сафар намуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии …

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон Read More »

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ҚАРОР

аз 2 августи соли 2023 №355 ш. Душанбе Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Воридоти …

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. ҚАРОР Read More »

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо, зарур шуморид, ки воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шавад. Дар ин робита қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи …

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Read More »

Scroll to Top