Оғози сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.