Мудири Бахши назорати таблиғоти динии Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин – Муллоалӣ Алиев имрӯз 19 – уми октябри соли 2023, дар шаҳри Бохтар бо намояндагони ақалиятҳои милӣ ва динӣ вобаста ба нақши Консепсияи сиёсати давлатии ҶТ дар соҳаи дин мулоқот анҷом дод. Мавсуф зимни таҳлили Консепсия мафҳумҳо ва омилҳои зарурати қабули консепсияро ба ҳозирин фаҳмонда, мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро дар фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, таъмини баробарӣ ва таҳаммулпазирии динию мазҳабӣ ва ба вуҷуд овардани фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ кард.