(Бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия)
Коррупсия ва ё ришва, ки ба истилоҳ зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаҳмида мешавад, яке аз шаклҳои монеъшавандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои хатарзо дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки ин зуҳуроти нангини ҷомеа аз қадимтарин замонҳо, ки ҷомеаи башарӣ тағйиротҳои гуногун ва пешравиҳои зиёдро ноил гашт, арзи вуҷуд карда, то имрӯз решаҳои худро мустаҳкам кардааст. Коррупсия, ки он як навъи фасодкорист, маънои табоҳӣ, харобӣ ва вайрониро медиҳад. Ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеъшавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа монеъ шуда, аз сӯи ашхосе, ки масъул ва ё соҳибқудратанд, ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан анҷом дода мешавад.
Пас ҷои шак нест, ки пайдоиши ин падидаи зишт ҳанӯз ба пайдоиши аввалин давлатҳо алоқаманд аст. Зеро, аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун масъули идоракунандаи ҷомеаи башарӣ ҳисобид, дар зеҳн чигунагии бадастоварии манфиат, қудрат, пешравӣ ва умуман ҳадафҳои худро парварид. Мубориза бар зидди ин зуҳурот ҳам дар коргузории идорӣ ва ҳам дар дину оини халқҳои олам таъкид гардидааст. Аммо, мутаассифона, бо пешрафти ҷомеаи башарӣ ин падидаи нангин низ рушд карда истодааст.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ қабул ва ба имзо расидаанд, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, таъмини амнияти миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва поктинатию росткорӣ равона гардидаанд. Аз ҷумлаи чунин аснод, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999, ва баъдан 25 июли соли 2005 қонуни мазкур бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санадҳои байналмилалии хусусияти қонунӣ-ҳуқуқӣ доштаро аз 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонид. Ин «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия» мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирокдори ин санади муҳими ҷомеаи башарист ва мақсад аз қабулу ба имзорасонии чунин аснод пеш аз ҳама, ба таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи адолати иҷтимоӣ, рушди босуботи ҳаёти иқтисодии ҷомеа, таъмини амну субот дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани пояҳои давлат равона гардидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иштирокдори қабули ҳуҷҷатҳои байналмилалист, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти миллӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии худро дар мубориза бар зидди коррупсия қабул ва ба имзо расонидааст, ки дар ин самт ҳуҷҷати асосии зиддикоррупсионӣ Конститутсияи амалкунундаи кишвар, ки дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он асос меёбанд, ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки дар боло зикр карда шуд, асноди махсусе, ки ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия амал мекунанд, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва як қатор Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, ки ҳамагӣ барои боз ҳам ҷоннок намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа равона гардидаанд, ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, дар сархати қонуни мазкур чунин омадааст: “Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд” [4].
Ҳамзамон, як қатор идораҳои дахлдори ин соҳа, аз қабили: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани “муборизаи бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз байн бурдани такроркунии вазифаву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ” [8] таъсис ёфтанд ва дар заминаи фаъолияти ин ниҳодҳо “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, № 34), «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, № 1504) ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2021, №222 ) ” қабул гардид, ки ҳадаф аз қабули чунин аснод дар соҳаи қонунгузории кишвар бартараф намудани проблеммаҳои дар ин самт ҷойдошта, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман пешравиҳои ҷомеа мебошад. Ҳамчунин, ин вабои зишти замон дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст, аз ҷумла, дар моддаҳои 319 (барои гирифтани пора) ва 320 (барои додани пора) ҷазо пешбинӣ шудааст [2, 109].
Ҳарчанд, аз ҷониби мақомоти дахлдори соҳа вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта назоратҳои қатъӣ бурда мешавад, вале боз ҳам таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ дошта аз ҷониби баъзе ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ содир карда мешавад. Вобаста ба ин, дар шаҳру вилоятҳои мамлакат намояндагии мақомоти муборизабарндаи зиддикоррупсионӣ ташкил карда шуда, санҷишу назоратҳо бурда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии худро ба даст овардан тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик муяссар гашт, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар асоси принсипҳои давлатдории миллӣ қабул намоянд ва идораҳои соҳавиро таъсис ва рушд диҳанд. Агарчӣ аз таъсиси идораҳо ва қабули асноди зиддикоррупсионӣ дар боло сухан кардем, боз ҳам камбудиҳо дар ин самт ба назар мерасад. Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки қариб дар ҳама самт ин вабои зишт вуҷуд дорад. Президенти кишвар ҳамеша дар Паёмҳои худ вобаста ба бартараф намудан, решакан кардан ва мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуротро таъкид мекунанд ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар меҳисобанд.
Дар яке аз Паёмҳои худ сарвари давлат вобаста ба вуҷуддошта ва ташвишоварандаи вабои аср, коррупсия чунин иброз доштанд: “Зуҳуроти номатлуби дигаре, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, паҳн гардидани коррупсия мебошад. Ришвадиҳӣ ва ришваситонӣ дар ҳар шакл ва дар ҳар зинаи мақомоти давлатӣ ё субъектҳои хусусӣ, ки сурат гирад, пеш аз ҳама нуфузу эътибори давлат ва хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар миёни халқ паст мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин ҷиноят бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил диҳад” [6]. Ҳарчанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар масъули муборизабаранда бар зидди коррупсияанд, аммо вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст, ки дар аввал худ ба ин амал даст назанад ва баъдан барои решакан кардани он мубориза барад. Чи хуб гуфтааст паёмбари Ислом: “Ришвадиҳанда, ришвагиранда ва миёнарави байни онҳо дар оташи дузаханд” ва ё дар ҳадиси дигар чунин омадааст: “Худованд ришвадиҳанда, ришвагиранда ва миёнарави байни онҳоро лаънат кардааст” [1,р.638].
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ва дар низоми ҳуқуқию ахлоқӣ диққати бештар ба ришвагирандаҳо мубориза бурда мешавад, аммо ришвадиҳанда ва миёнарав дар аксар маврид бе ҷазо мемонанд. Дар ин ҷо сухани Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимиро метавон ёдовар шуд, ки эшон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ниҳодҳои таълимиро дар ҳама нишасту вохӯриҳояш бо аҳли илми кишвар чунин баён менамоянд: “То донишҷӯ аз пора додан даст накашад, муаллим аз пора гирифтан даст намекашад”.
Чун ниёгони мо дар осорашон ҳамеша тарбияи инсондӯстӣ, инсонпарварӣ, поктинатӣ ва беғаразиро талқин намудаанд, мавзӯи ришваро падидаи зишту нангин дониста, бо он ба шиддат бархурд кардаанд. Саъдии бузургвор, ки ашъораш саросар панду андарз аст, ба инсоният хитоб карда чунин гуфтааст:
Бигӯ он чи донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,
На ришват ситону на ришват бидеҳ.
Инчунин Эраҷ Мирзо дар шеъраш “Мунозара бо хар” қадру манзалати харро аз ришвахор боло донистааст.
…Дидӣ ту харе, ки ришвахор аст?
Ё бар хари дигаре савор аст?
Дидӣ ту харе шикаста паймон?
Ё он ки зи дигаре бурад нон?
Дидам суханаш ҳама матин аст,
Фармудаи ӯ ҳама яқин аст.
Биншастаму орзӯ намудам,
Бар Холиқи хеш рӯ намудам.
Эй кош, ки қонуни харият,
Ҷорӣ шавад бар одамият!
Ин ҷо ки аз қабули аснод, таъсиси идораҳо, аҳодиси паёмбари Ислом, Паёмҳои Пешвои миллат ва ашъори бузургон сухан карда шуд, бояд ёдрас гардид, ки халқи тоҷик аз қадим миллати созанда ва посдорандаи арзишҳои динию миллӣ буданд ва баъди интишори дини Ислом дар сарзамини аҷдодии тоҷикон Мовароуннаҳру Хуросон низ анъанаҳои мардумии худро дар доираи анъанаҳои динӣ омезиш дода, баҳри пойдории ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд талошҳо кардаанд. Баъди қабули дини Ислом халқи тоҷик ҳамеша ба меъёрҳои динӣ ва умумибашрӣ такя намуда, вобаста ба бовариҳои худ аз ҳаргуна падидаи зишт худдорӣ менамоянд. Зикри манъи ин зуҳуроти номатлуб дар Қуръони карим, ки барои мардуми мусулмон дастурамали ҳаётӣ ба ҳисоб меравад, дар сураи Бақара-188 баёни худро ёфтааст, яъне: “Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед, (яъне, ба ришва) то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихӯред ва шумо медонед” [5, 2:188].
Воқеан, халқи тоҷик аз қадимтарин замонҳо бо давлатдории хеш арзи ҳастӣ карда, дар рушд ва инкишофи ҷомеаи башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ин халқи тамаддунофар дар бартараф намудани на танҳо ҳодисаҳои коррупсионӣ, балки дар пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа заҳматҳо кашидаанд, то як ҷомеаи солимфикрро бунёд созанд. Маҳз, кӯшишу талошҳои абармардони ин миллат буд, ки то имрӯз ин халқи бунёдкор тавонистаанд дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мақом ва нақши худро гузоранд. Ба ибораи дигар, Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон иштирокдори қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар муборизаи бе амон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, решакан кардани пояҳои он ва тақвият бахшидани тафаккури ахлоқию ҳуқуқии мардум нақши бориз гузоштааст. Тавре, ки дар урфият мегӯянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ”. Аз ин лиҳоз, пайваста андешидани чораҳои зарурӣ ба монанди: ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, ки хусусияти ахлоқӣ-ҳуқуқӣ доранд, амри муҳим ва зарурист.
Рӯйхати адабиёт:
1.Абдулмуҳсин ибни Абдуллоҳи Зомил. Шарҳ-ул-мунтақӣ. Ҷузъи шашум, 2016.- 47 с.
2.Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 139 саҳ.
3.Конвенция Организации Объединенных Наций против коррупции. Резолюция 58/4 Генеральной Ассамблеи от 31 октября 2003года//http://www.un.org/…/decl_conv/conventions/corruption
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.07.2005, №100)”.
5. Қуръони карим (матни асл, тарҷумаи он бо забони тоҷикӣ ва шарҳи баъзе аз оят). – Душанбе, 2013. – 1216 с.
6.Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2004.
7.”Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, № 34)”, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, №1504)”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.08.2021, №222)”.
8.Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 10.01.2007, №143; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси додани Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 14.12.2010.
Одинаева Ш.Н. – корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Додихудоев Р.М. – корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.