БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “САМАРАИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ”
Submitted by Administrator on Thu, 06/02/2022 - 14:362- юми июни соли ҷорӣ дар толори Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилии шаҳри Душанбе бахшида ба 15 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш таҳти унвони “Самараи Қонуни миллӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумита Фаррухулло Олимзода, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита Саттор Маҳмудзода, кормандони соҳа ва ходимони дин иштирок намуданд.