Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Ёраҳмадова Рӯзигул Назирмадовна (яке аз фарзандони ҳунармандани шинохта Сурайё Қосимова) дар маросими хонадоршавии писараш берун аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст мезанад.
Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 16 уми июли соли равон шаҳрванд Ёраҳмадова Рӯзигул барои суҳбат бо намояндаи мақоми ваколатдор (Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ин кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи моддаи 12, банди 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қудошавандаи Ёраҳмадова Рӯзигул низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи моддаи 12, банди 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арўс ва маъракаҳои дигари бо тўйи домодию арўсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.