ш.Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14
(+992) 37 223 12 58

Ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.
Афсарон ва оилаҳои онҳо, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳи миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд ба Пешвои миллат барои чунин ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагиашон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Иншоот якҷо бо майдончаҳои варзишию бозӣ барои кӯдакон, дар масоҳати умумии беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна, 24 хона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2019 бо ҷалби беш аз 70 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардида буд. Имрӯз бинои нав дар вазъияти тантанавӣ бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи меъморию сохтмонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки барои хизматчиёни ин ниҳоди ҳарбӣ туҳфаи арзандаи ҷашнӣ ба шумор меравад.
Дар бинои нави истиқоматӣ маҷмуан 16 хонаи як ҳуҷрагӣ ва 8 хонаи ду ҳуҷрагӣ ҷойгир аст, ки ҳар яки онҳо пурра бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷиҳози рӯзгор таъмин мебошанд.
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 20 соли охир наздики 500 нафар корманди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ таъмин шуданд ва имрӯз барои ҳимояи давлати соҳибистиқлол содиқона хизмат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардидаи бинои нави хизматӣ ва суҳбати самимӣ бо хизматчиёни Гвардияи миллӣ, ки имрӯз барои ҳифзи марзу буми Ватан ва солимии ҷомеа дар Шифохонаи ҳарбӣ содиқонаю ҷавонмардона хизмат ва кору фаъолият доранд таъкид намуданд, ки беҳтар сохтани инфрасохтори зарурӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба кормандони сохторҳои ҳарбӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешавад.
Дар саҳни бинои навтаъсис барои машғулияти афсарони Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ майдончаи варзишии бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаи бозӣ барои кӯдакон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта шудааст, ки минбаъд дар ин ҷо истиқоматкунандагон метавонанд дар баробари ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан ҳамзамон истироҳати худро комил созанд.
Дар идомаи корҳои сохтмонӣ барои пурра дар фасли зимистон таъмин намудани бино ва хонаҳои истиқоматӣ бо гармӣ иншооти махсус таҷҳизоти муосири электрикии каммасраф насб шудааст.
Маврид ба таъкид аст, ки 24 нафар афсароне, ки соҳиби хонаҳои хизматӣ шуданд, имрӯз дар Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ фаъоият намуда, саҳми онҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа, аз ҷумла пешгирӣ ва табобати бемориҳои гуногун назаррас аст.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасони он пурра навсозӣ ва шароити хизматрасонии тиббӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шудааст.
Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ аз шуъбаҳои асаб, сироятӣ, пуст, шуъбаи бемориҳои даруна, физиотерапиа, эҳёгарӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, барои саривақт ба табобат фаро гирифтани беморон ва гузаронидани ҷарроҳӣ мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардидаанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top