ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Хоразм дар сарчашмаҳои исломӣ

Мувофиқи маълумоти Мақдисӣ Хоразм сарзаминест бузург ва дар ду сӯйи рӯди Ҷайҳун ҷой гирифтааст. Як қисмат дар самти Ҳаётал ва дигаре дар самти Хуросон мебошад. Мардумаш дар лаҳҷа, одобу русум ва ахлоқ аз мардуми ҳар ду сӯ ихтилоф доранд. Сарзамини бузурги Хоразм бо шаҳракҳои бисёр, сохтмонҳои густурда монанди кишвари Рум ва Сиҷистон мебошад. Сохтмонҳо ва боғҳо аз якдигар фосилаи бисёр надоранд. Коргоҳҳои равғанкашӣ, киштзорҳо, дарахтони меваҳо ва чизҳои судманд барои тиҷорат бисёр дорад. Мардумаш донишдӯст, аҳли завқ ва аҳли фиқҳ ҳастанд. Худо ба онҳо арзонӣ ва ҳосилхезии зиёд ато намудааст. Халқаш меҳмонавозу ҳушёр ва ҷанговар ҳастанд.
1.Таърихи пайдоиши номи Хоразм.
Овардаанд, ки яке аз шоҳони гузаштаи ховарзамин бар эшон хашм оварда буд, фармон дод ки онҳоро ба ҷои дуре баранд ки аз ободӣ асаре набошад. Пас аз мудате касонро барои огоҳи аз ҳоли онҳо фиристод. Чун ба он ҷо расиданд онҳоро диданд ,ки ба шикори моҳӣ машғуланд ва ҳезуми бисёр доранд. Чун ба назди шоҳ боз гаштанд ва ӯро огоҳ карданд, шоҳ пурсид: онҳо гуштро чи номанд? Гуфта шуд Хор! пурсид ҳезумро? Гуфтанд: Разм! Шоҳ гуфт: пас ҳамонҷо монанду он ҷоро Хоразм биномид ва дастур дод бар онҳо чорсад духтари турк баранд. Аз ин рӯ то кунун дар қиёфаи ишон раги туркӣ дида мешавад. Инчунин бо дастури шоҳ аз рӯди Ҷайҳун ба онҳо наҳри обе бурда, бо об таъминашон карданд.
2.Шаҳрҳои муҳими Хоразм ва сохтори онҳо
Сарзамини таърихии Хоразм дар аввал ду курсӣ дошт. Яке дар ҷониби ғарбӣ яъне ҷониби иронии рӯди Ҷайҳун мавсум ба Ҷурҷония ё Урганҷ ва дигаре дар ҷониби шарқӣ яъне дар ҷониби туркӣ бо номи Кос, ва курсии дувум нисбатан ободтару зеботар буд.
Шаҳри Кос ҳоло ҳам мавҷуд аст вале дар аввали қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ қисмате аз ин шаҳро рӯди Ҷайҳун вайрон кад. Дар он замон дар шаҳр қалъае низ мавҷуд буд, ки туғёни об онро ҳам вайрон кард. Масҷиди ҷомеъ ва зиндон пушти куҳандиз буданд. Ҳамчунон қасри подшоҳи он сарзамин бо номи Хоразмшоҳ дониста мешуд. Аммо туғёни Ҷайҳун ин ҳамаро чунон вайрон кард ки дар замони ибни Ҳавқал асаре боқи намонд ва мардум дар қисмати шарқии шаҳри куҳна шаҳри ҷадиде сохтанд ки то рӯди Ҷайҳун масофаи зиёдро дар бар мегирифт, то аз садамаи об эмин монад.
Ба кавли Мақдисӣ ирониён шаҳри навро Шаҳристон номиданд. Масҷиди шаҳр дар мобайни бозор карор дошт ва сутунҳояш ба андозаи як мард аз санги сиёҳ ва болои сангҳо сутунҳои чубӣ гузошта шуда буд. Ҷойгоҳи (қароргоҳ) фармонраво дар мобайни шаҳр ҷой дошт. Вале қалъае ки туғёни об онро вайрон карда буд дубора барқарор нашуд ва ҳамчунон хароб монд. Аз миёни шаҳр наҳрҳои мутааддид мегузашт. Ба қавли Мақдисӣ Кос аз Ардабили Озарбойҷон касифтар буд. Аҳолии он ифлоскориҳои бисёр мекарданд. Аммо фақир набуданд бозорҳои серматоъ доштанд. Маъмурони он ҷо бошанд дар кори худ бисёр моҳир буданд. Тар натиҷа Кос ба сурати яке аз шаҳрҳои муҳиму бошукуҳ қарор гирифт. Вале ин шукуҳу ҷалол дер давом накард ва дар охири қарни чаҳорум Кос дигар аз шаҳрҳои муҳимтарини Хоразм набуд. Ҳатто ба ҷое расид ки ба қатори шаҳрҳои беаҳамият даромад. Чун ба оғози асри ҳафтуми ҳиҷрӣ мерасем мебинем ки ин шаҳр аз фитнаи муғул садамаи фаровон надид. Замоне ки ибни Батута дар асри ҳаштум дар сафари худ аз Урганҷ ба Бухоро ва ба Кос расид онро «Илкос» номида аст ва гӯяд шаҳре ободу зебост. Яъне бо мурури замон ва гузашти вақт сохтори шаҳр тағйир меёфтааст.
Курсии дуюми Хоразм, ки пас аз хароб шудани Кос муҳимтарин шаҳри он иёлот гардид Гурганҷ аст ки аъроб онро Ҷурҷония ном додаанд ва баъдҳо ба Урганҷ маъруф гардид.Таърихи футуҳоти исломӣ нақл мекунад ки вақте арабҳо бо сардории Қутайба ибни Муслим ба Хоразм ҳамла карданд курсии Хоразм ба тасаруфи онҳо даромад ва аъроб ҳамон замон шаҳрро Мансура ном ниҳоданд. Вале туғёни Ҷайҳун онро низ аз байн бурд ва Ҷурҷония ҷои онро гирифт. Бо гузашти вақт Ҷурҷония обод гардида ба яке аз шаҳрҳои муҳим табдил ёфт. Дар қарни чаҳорум шаҳр дорои чаҳор дарвоза буд ки ҳар яке аҳамияти бузурге дошт. Ёқутӣ пеш аз ҳуҷуми Чингиз дар он шаҳр буд ва мегӯяд ки шаҳре аз он пурсамартару муҳимтар ва некутар надидаам. Ҷурҷония муҳимтарин шаҳри Хоразм буда, пас аз он курсии асосии он гардид ва ба таври кулли ба шаҳри Хоразм маъруф гардид.
3.Тиҷорат ва содироти Хоразм
Содироти асосии Хоразм хӯрокворӣ ва мева буд, замини бисёр ҳосилхез дошт. Маҳсули пунба ва фуруоварандаи пашми гусфанди он фаровон буд.Галаҳои бузурги гову гусфанд дар чаманзорҳои дарёи Орол зист мекардан. Бозорҳои Ҷурҷония бо доштани молҳои нфису пашмин, ки аз Булғор ва Волга ба он ҷо меоварданд шуҳрат доштанд. Мақдисӣ дар навиштаҳои худ нақл мекунад ки аз пусти дала, рубоҳ, ва гурхару бузу санҷоб ҷомаҳои кутоҳу баланд тайёр мекарданд ки аз он ҷо содир мешуд ва бисёр овозадор буд.
Содироти дигари табии ва маснуи Хоразм иборат буд аз муму пусти дарахте ки «Туз» номида мешуд ва барои ҷилди сипар ба кор мерафт. Инчунин ҷомаҳои занона ва қулфҳое ки оҳангарони он ҷо месохтанд бисёр шуҳрат доштанд. Асалу ангур ва финдуқ низ аз он ҷо содир мешуд. Бозу камони шикорӣ ва киштисозӣ низ асоси тиҷорати он ҷо буд. Яке аз тиҷорати дигар Хоразм, ки бисёр фоиданок буд, дар қарни чаҳорум духтарону писаронро аз бодиянишинони турк мехариданд ё медуздиданд ва пас аз он ки онҳоро таълим медоданд бо одобу русуми исломӣ парвариш мекарданд. Ба мамолики дигари исломӣ мефиристоданд ва ин бардагон буданд ки дар дарборҳои мухталифи султонӣ ба мақоми олӣ мерасиданд ва мансабҳои бузургро соҳиб мешуданд.
Санавбар Шарифова – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Возможно, это изображение памятник

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top