ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев

Имрӯз яке аз ходимони намоёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагон, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллӣ ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев дар синни 77-солагӣ вафот кард.
Ӯ дар тамоми давраи фаъолияти тӯлонии сиёсиву давлатии худ ба мардум ва давлати Тоҷикистон содиқона хизмат кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти Амиршо Миралиев ба аҳли оила ва наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуданд.
Возможно, это изображение 1 человек

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top