ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар қолаби ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин зимн масоили таҳкими муколамаи сиёсӣ дар чорчӯби Иттиҳод, ҳамчунин, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои иштирокчӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амният ба ҳайси вазифаҳои рӯзмарра муайян гардиданд.
Ҳамзамон бо ин, мубодилаи афкор атрофи доираи васеи масъалаҳои мубрами дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top