ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

НОМИ НЕКУ ЁДИ ХАЙР

Модари тоҷик бо неруи ҳаётбахши хеш ва садои гарми аллаи худ ба зиндагӣ родмардони бешумореро тарбияву ҳадя кардааст, ки якеи онҳо Ҷӯрабек Назрӣ мебошад. Ӯ марде буд пуровоза ва шуҳратёр, инсони серкору донишманди бедор, ховаршиносе, ки натанҳо ному ёди бузургони абёти гузаштагонаморо арҷ мегузошт, балки ҳар дона ҳарфи аҷдодӣ ва мероси пурбаҳои хаттии ниёгонро чун ганҷи бебаҳо гирд оварду бо арзиши ҷони хеш дар ганҷури пурнури дастхатҳои миллат маҳфуз дошт.
Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни соли 1946 дар деҳаи Навруҳои ноҳияи Ховалинги собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд ёфтааст, падар чун дар зеҳни писараш Ҷӯрабек истеъдоди фавқулодда ва ташнагии илму донишро эҳсос кард, бо умеди фардои пурсамар ва сайқал додани дониши ӯ ҳанӯз дар синни 8 солагиаш ба шаҳри Душанбе кӯч баст. Баъди сипарӣ гаштани солҳо Ҷӯрабеки орзупарвар мактаби миёнаро бо сад нияту таманно ва хониши аъло дар шаҳри Душанбе хатм кард.
Падари Ҷӯрабек-Назрихудо маълумоти мадрасавии динӣ дошта, марди роҳи илму маърифат буд, ӯ аз касбҳои наҷҷорӣ, пунбазанӣ, табибӣ ва сайёдӣ низ бархӯрдор буд ва аз Дарвоз то ба Ховалинг миёни мардум бо унвони Муллоназрихудо ё Устоназрии дарвозӣ машҳур гашта буд.
Замони оғози ҷавониҳо Ҷӯрабек Назрӣ, ки худ як ҷавони қоматбаланду хушсимо буд, монанди дигар ҳамсолонаш ҳанӯз парвои лутфу меҳрабонӣ ва ишқу ошиқӣ надошт, хешро хаёлан ҳамеша дар дунёи илму маърифат ва олами тарбиятнамудаи падар ва модари меҳрубонаш тасаввур менамуд, чунки зиндагии ширини наврасиву ҷавониаш аз ғарами китобҳои хондаву қиссаҳои падари бузургвор ва маърифатпарвар сарчашма мегирифт, ки он ҷо пайваста ишқи илму ирфон буд.
Баъд аз хатми донишгоҳ, ӯ бо тавсия ва роҳхати устоди азизаш Аълохон Афсаҳзод ба аспирантураи назди шуъбаи Шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон шомил гашт. Ҳарчанд ки дар айёми донишҷӯӣ, дар олами ҳунару хунёгарӣ шуҳрат ва мақому мартабаи хосеро ишғол намуда буд, агар танҳо роҳи ҳунарро интихоб мекард, эҳтимол буд танҳо дар ҳамин ҷода комёб шавад, вале ӯ ки марди роҳи илм буд, бо ин истеъдод қаноат накард ва кӯшид, то ҳарчӣ бештар хешро дар дунёи илм ҷустуҷӯ намояд, дар ин олам тозакориҳои чашмрасеро анҷом бидиҳад ва ҳамин тавр ҳам кард…
Чунонки болотар ёдовар гаштем, Ҷӯрабек Назрӣ солҳои донишҷӯӣ аллакай соҳиби шуҳрати кофие гашта буд ва ҳамон замон тавонист қалби хонуми оянда ва модари фарзандонаш Мунираро, ки мавсуф низ дар як бинои донишгоҳ бо ӯ ҳамроҳ таҳсил менамуд, ба каф биорад. Солҳои баъдӣ бо ӯ як оилаи солиму намунавие барпо намуданд ва аз ин издивоҷ чор нафар фарзандони барӯманду соҳибкасбе тарбият карданд, ки ҳар кадом дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти назаррасе менамоянд.
Ҷӯрабек Назрӣ соли 1974 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Мактабии Шерозӣ ва достони Лайлӣ ва Маҷнуни ӯ» ва соли 1996 рисолаи докториашро низ таҳти унвони «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» дифоъ намуд. Баъдҳо доираи фаъолияти илмии Ҷурабек Назрӣ хеле васеъ гашта, самтҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқӣ, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро фаро гирифт.
Мавсуф тули умри пурбаракати илмии худ, муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмиву оммавӣ мебошад, ки чӣ дар Тоҷикистону чӣ берун аз он мавриди таваҷҷуҳи хосаи доишмандон қарор гирифтаанд. Хусусан рисолаи «Мактабии Шерозӣ, ҳаёт ва эъҷодиёт», китоби «Лайлӣ ва Маҷун»-и Мактабии Шерозӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ ва рисолаи «Ҳунари номанигорӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ», «Қиссаи Сулаймону маликаи Сабо дар назми форсу тоҷик» ва ғайраро метавон ном бурд, ки аз ҷумлаи гуфтаҳои болост. Ҷӯрабек Назрӣ дар таҳияи осори классикони форсу тоҷик нақши боризе дошта, таҳти назари ӯ «Таърихи ҳумоюн»-и Содиқхоҷаи Гулшанӣ, «Сулаймоннома»-и Зулолаи Хонсорӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, ҷилдҳои 1-5-и «Феҳрасти нусахи хаттии форсии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Тоҷикистон», «Девони ашъор»-и Шамсиддини Шоҳин, «Туҳфат-ул- аҳбоб фи тазкират-ил- асҳоб»- и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва ғайра интишор гаштааст.
Дар шахсияти устод Ҷӯрабек Назрӣ агар ҳар сифати хуберо суроғ намоем, бидуни шак дармеёбем, ки ӯ дар хислати худ шаҳомати ахлоқӣ, донишмандӣ, адолатхоҳӣ, ҷавонмардӣ, озодагиву сарбаландӣ, ворастагиву ҳунарофарӣ, ҳалолкориву заҳматписандӣ ва хоксориву меҳрубониро дошт, ба ифодаи дигар, дидгоҳи хос ва ҳиммати мардонагӣ лутфи зотии ӯ буд.
Ҳунарманди шистаи Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов дар хотираҳояш нисбат ба устод Ҷӯрабек Назрӣ навиштааст: «Ӯ гули сари сабади олами илм ва ҳунар буд, ҳама ҷо мухлис, ҳама ҷо эҳтиром дошт. Сурудаш илҳомбахши кулли ҷавононе буд, ки мехостанд ба ӯ монанд шаванду мислаш либос ба бар намоянд, ороиши мӯй ва роҳгардиашро дошта бошанд ва монандаш таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб созанд, аммо чунин сарнавишти зебо фақат хоси Ҷӯрабек буд».
Августи соли 1977 бо ширкати беҳтарин ҳунармандони Осиёи Миёна ва Қавқоз дар майдони варзишии ҷумҳурӣ консерт баргузор гардид, ки дар он маъруфтарин ҳунармандони кишвар ва берун аз он – аз Туркманистон Бобомурод Ҳамдамов, аз Озорбойҷон Назокат Мамедова ва ғайраҳо даъват гашта буданд, мувофиқи барнома ба тамоми ҳунармадон иҷрои як суруд иҷозат дода шуда буд ва дар сурати дархости зиёди тамошогарон пешниҳоди суруди иловагӣ ҳам имкон дошт. Дар он консерт Ҷӯрабек Назрӣ низ даъватӣ буд, ҳама пайи ҳам сурудҳояшонро пешниҳод менамуданд, вақте навбати Ҷӯрабеки ҷавону шуҳратёр расид, истиқболи пурмавҷи ҳозирин бо кафкӯбиҳои осмонкаф ӯро иҷозати аз саҳна рафтан намедод, ин ҳунарманди маҳбуб бо хоҳиши тамошогарон 4 суруди худро ба таври зинда пешкаш намуд, баъдан узр пеш овард, ки аз сабаби маҳдудияти вақти барнома дигар наметавонад сурудҳои худро пешниҳод намояд. Бегоҳи ҳамон рӯз ҳунармандони мардумии Туркманистону Озарбойҷон Бобомурод Ҳамдамов ва Назокат Мамедова хоҳиш карданд, ки бо Ҷӯрабек Назрӣ, ки садои беназираш мафтунашон сохта, мехоҳанд ҳамсуҳбат шаванд, баъди ин дӯстии ин се ҳунарманди мумтоз солҳои зиёде давом кард.
Устод Ҷӯрабек Назрӣ ягона овозхони тоҷик аст, ки ҳангоми дар кишвари Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор карданаш бо ситораи Шарқ Аҳмад Зоҳир риштаи дӯстӣ пайдо карда, дар маҳфилу ҷашнҳо бо ҳам сурудхонӣ намудаанд ва риштаи дӯстии онҳо хеле қавӣ ва пурмуҳаббат баҳо дода мешавад. Худи Ҷӯрабек Назрӣ дар дафтари хотираҳояш чунин қисса кардааст: «Дар Афғонистон, дар хонаи муваққатии мо як рубобе буд, рӯзе ки Аҳмад Зоҳир меҳмони мо шуд, бо он сурудхонӣ мекардем, аз ин сурудхонӣ ӯ хеле хушҳол мегашт, яке аз рӯзҳо бо худ як армония овард ва онро ба банда ҳадя кард. Он армония то ҳол дар хонаи мост, дар баъзе сурудҳоям аз он истифода ҳам кардаам».
Нимаи дуюми солҳои шастум ва ибтидои солҳои ҳафтодум, замоне ки Ҷӯрабеки ҷавон бо лаҳну шеваи хоси худ нахустин шуда асбобҳои мусиқии ғарб, амсоли баян, мандалин, аккордион ва ғайраро бо тору рубобу сетори миллӣ даромехт, аҳли завқ ва мусикӣ ин равиши тозаро иқилоби ҳунарӣ унвон доданд, пасон чунон ки болотар гуфтем, бо шарофати Аҳмад Зоҳир асбоби ҳиндии армония низ ба ин қатор шомил гардид.
Яке аз чеҳраҳои саршиноси олами фарҳанг, вазири маданияти вақти Тоҷикистон Меҳрубон Назаров сабки Ҷӯрабек Назриро «савти ҳазор» номидааст. Дарвоқеъ, соҳиби ин сабк дар ҳар ҷода диди олимона ва мактаби хоса дошту парвардаи шӯру шавқ ва сириштаи ҳиссиёти баланди инсонӣ буд. Ниҳоят корвони умри бебақо ин олими забардаст ва ҳунарманди хушнаворо бо иллати бемории ҳамагир соли 2020 то ба водии хомӯшон расонид ва қалби шефтагону ёру дӯстонашро реш сохт…
Гарчи ӯ имрӯз миёни мо нест, таълифоти арзишмандаш дар соҳаи адабиёти классикӣ ва муосир, пажӯҳишҳои мондагораш дар олами илм ва хидматҳои беназираш дар ҷодаи ҳунару мусиқӣ ному ёдашро барои ҳамеша зиндаву поянда медорад.
«Рафтани ӯ ба сони рафтани баҳори пасисаршуда ё фурӯ рехтани баргҳои зардранги дарахтон, ки ҳамагӣ ба қадри як фасл умр доранд, нахоҳад буд. Рафтани ӯ мисоли тулуи хуршед баъд аз рафтан ҳам, ҳар субҳи тозатаре боз хоҳад омад, боз олами ёру дӯстон ва азизонашро мунаввартар ва гармтар хоҳад кард. Зиндагиномаи пасисаршудаи ӯ оғози достоне аз номи нек, пайкори азёднарафтанӣ ва осори безаволаш дар дунёи маонист, ки барои ташналабони донишу маърифат ва ҳунар боқӣ гузошт, дар сарсабзтарин сарзамини ишқ, муҳаббат, илму маърифат ва садоқату инсоният”…
Сафарат хуш гузарад, дар раҳи водии биҳишт,
Ай сафаркарда, дили ҷамъ парешон кардӣ…
Моҳсафар Яҳёзод,
муҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”
Возможно, это изображение 1 человек

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top