ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Ниҳол шинонидан садақаи ҷория аст

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ»)
Ниҳол шинонидан яке аз амалҳои нек дар фарҳанги мо ба ҳисоб меравад. Ҳар сол бо омад-омади фасли ниҳолшинонӣ, бештари мардуми соҳибтамаддуни тоҷик, ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда машғул мешаванд, ки ин амал Тоҷикистони азизро боз ҳам шукуфон месозад. Аҳамияти ниҳолшинонӣ аз нигоҳи таълимоти мусалмонӣ бисёр як амри муҳим буда, онро ҳамчун садақаи ҷория меҳисобанд. Садақаи ҷория чизест, ки савоби он баъд аз марг ба инсон мерасад. Шинонидани ниҳол ва кабудизоркунии маҳал, марбут ба муҳити зист аст. Аз он фаҳмида мешавад, ки гузаштагони мо чи қадар ба ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии он таъкид дорад. Ин таъкид то ҳаддест, ки Анас ибни Молик аз паёмбари ислом ривоят намудааст, ки эшон чунин мефармоянд: “Ҳар гоҳ, қиёмат дар ҳоли вуқуъ бошад ва яке аз Шумо ниҳоле дар даст дорад, агар фурсати андаке ҳам то қиёмат боқӣ монда бошад, ниҳолашро бишинонад”.
Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ин масъала диққати махсус дода, тамоми мардуми кишварро ба шинонидани ниҳол ва кабудизоркунии маҳал даъват намуданд, чунон ки фармуданд: “Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем. Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он – камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо, маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният, тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешад”.
Дар ҳақиқат имрӯзҳо, ин масъалагузории Пешвои миллатро тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистон муҳим шуморида, ба шинонидани ниҳолҳо ва кабудизоркунии маҳал машғуланд, то табиатро аз тамоми газанду осебҳое, ки ҳаст наҷот диҳанд.
Рамазониён Аҳтам
Возможно, это изображение 6 человек и дерево

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top