ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН- ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар доираи нақша – чорабиниҳои муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, дар Донишкадаи қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо иштироки Саодати Исайнӣ- муовини Сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аминов Бурҳониддин – намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатӣ бо донишҷӯёни Данишкадаи мазкур доир гардид.
Дар ҷараёни баргузории мулоқот, масъулин қайд намуданд, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан, зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон, ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан, бо ташаббус ва дастгириҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардид, ки дар шароити кунунӣ, ҳар шаҳрванди кишварро мебояд дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон саҳми худро гузорад.
Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ватандӯстӣ – маънои дӯст доштани Ватан-Модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватани хеш, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу Ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар охир, ба як қатор донишҷуён ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30 солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Сипос номаҳои Кумита тақдим карда шуд
МАРКАЗИ ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top