ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Ватандӯстӣ – маънои дӯст доштани Ватан-Модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватани хеш, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу Ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.
Дар доираи нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” имрӯз бо иштироки масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва роҳбарияти Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (МЭИ) мулоқоти навбатӣ бо устодону донишҷӯёни муассисаи болозикр доир гардид.
Зимни баромад маърузачиён қайд намуданд, ки яке аз хислати миллии тоҷикон ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Бо назардошти рӯз то рӯз мураккаб гардидани вазъият дар ҷаҳони муосир, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон дар Тоҷикистон боз ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Бо мақсади дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан, зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон, ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан, бо ташаббус ва дастгириҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардид, ки дар шароити кунунӣ, ҳар шаҳрванди кишварро мебояд дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон саҳми худро гузорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, як қатор устодону донишҷӯён ва волидайни онҳо барои саҳми муносиб гузоштан дар тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top