ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗИ ВМКБ

Дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим” ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов, муовини раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ, шахсони масъул ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.
Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов зимни суханронии худ зикр намуд, ки мақсад аз баргузории курсҳои мазкур ба хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани донишҳои наву замонавӣ, ташаккули шахсияти хизматчиёни давлатӣ, табодули таҷриба, донишу малака ва беҳтар намудани сатҳи маърифатнокии онҳо мебошад. Дар доираи курси такмили ихтисос омӯзонидани асосҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар роҳи татбиқи меъёрҳои қонунгузории мамлакат ва амалӣ намудани ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадами бузурге ба шумор меравад.
Дар идома муовини раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ суханронӣ намуда, қайд дошт, ки шунавандагони курси мазкур давоми як ҳафта аз нозукиҳои сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим огоҳ гаштанд ва минбаъд донишҳои андухтаи худро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат истифода хоҳанд бурд.
Дар фарҷом ба шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос дар фазои тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top