ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ДАЛЕЛИ АҚЛӢ Ё ДАЛЕЛИ НАҚЛӢ

Дер боз мехостам перомуни далоили ақливу нақлӣ чизе рӯи коғаз биёрам. Аммо фурсат даст намедод. Инак, Ҷамшеди Советӣ- ном ҷавони басо ҷӯяндаву роғиб ба ин ҷумлаи мо «Дин ақл аст» эътироз баён карда, бо мо ҳамсуҳбат шудаву ин масъаларо матраҳ сохтанд. Он кас мегӯянд, ки: дин ақл нест, балки нақл аст ва он чи ки мо мегӯем, дар асоси ояту ҳадис, яъне нақлҳои шунидаву хондаамон бояд гап занем, на аз ақли худ. Аммо мо даҳҳо мисолҳо аз ёрони Паёмбар (чорёрон), имомон ва дигар олимони ислом оварда метавонем, ки дар асоси қиёси шаръиву қиёси ақлӣ масъалаҳоро ҳал намудаанд.
                                                                                 Гавҳари ақл
“Ақл ҳам чизи шариф аст, ба ҳар кас нарасад”, гуфтааст бузурге. Худованд аз тамоми махлуқоти рӯи замин инсонро шарифтару бузургтар офарид, зеро ба ӯ гавҳаре ато намуд, ки дар дигар ҷонзоти ҷаҳонӣ нест. Ин гавҳарро АҚЛ ном аст. Дар Китоби муқаддас – Библия гуфта мешавад: «Ва Худо Одамро ба сурати худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид. Ва Худо онҳоро баракат дод ва Худо ба онҳо гуфт: борвар ва афзун шавед ва заминро пур кунед ва онро тасарруф намоед ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне, ки бар рӯи замин мехазад, ҳукмрон бошед (Ҳастӣ. Боби 1, оёти 27-28)». То ки хонандаи гиромӣ ин сухани Библияро муқобил ба оят аз сураи Ихлос «Ва набошад Ӯ (Худо) ба касе монанд» надонад, ояти Библияро шарҳ медиҳем. Мақсад аз офаридани Одам ба сурати худ ва сурати Худо ин аст, ки Одам шакли зоҳирияш ба худаш монанд офарида шуд, яъне одам шакли худро гирифт, на шакли дигареро, вале аз он ҷиҳат, ки ӯ аввалин ҷонзоти соҳибақл буд, маҳз аз ҳамин ҷиҳат ба Офаридгор монанд офарида шуд. Чун давоми ояи Библия таъкид бар ҳукмрон шудани одам бар тамоми мавҷудоти зинда аст, тақвияти фикри мост. Зеро чуноне ки мебинем, инсон маҳз бо ақли худ дигар ҳаявонро мутеи худ сохт. Вагарна чӣ гуна метавонад кӯдаке бад-он хурдӣ пилеро бад-он бузургӣ ба зону шинонад.
                                                                               Ақли кул
Ақли кул ин ақли комилу пурраест, ки танҳо Холиқи лам язолро мансуб аст. Банда бо ин ҳама кашфиёти заминияш, бо ин ҳама рисолаҳои номзадию дуктурияш пеши он Ақли кул сарафкандаю хиҷил аст. Ақли мо дар ҳудуди муайян, аз рӯи нақша ё микросхемае амал мекунад. Ақл худодод аст. Ақли инсон гарчанде пурра нест, маҳдуд аст, вале ҷузъе ё ҳиссае аз ақли кул аст аз ин рӯ он хусусияти халлоқиву офаридгорияшро дар замин идома медиҳад. Имрӯз инсоният бо ракетаву техникаи пурқудраташ сайри коинотро пеша кардааст. Ин дар Қуръони азимушшаън чунин таъкид шудааст: «Ай гурӯҳи ҷин ва инс, агар метавонед, аз каронаҳои осмонҳо ва замин бигзаред, пас бигзаред, вале ҳаргиз гузар карда наметавонед, магар ба нерӯе, ки аз ҷониби Худованд арзонӣ гардад.» (ар-Раҳмон, ояти 33). Яъне, сайри коинот ва ҳама гуна кашфиётҳо танҳо ба хости Худо ва нерӯи Ӯ анҷом хоҳанд пазируфт, яъне имконияти инсон дар гузаштани каронаҳои осмону замин маҳдуд нест. Аз ин ба баъд кашфиётҳо хоҳанд шуд, албатта бо нерӯи Худо, чуноне ки дар Каломи илоҳӣ зикр шудааст. Ё ба ақидаи олими соҳаи ҳуқуқ Абдураҳим Холиқзода дар Қуръон ояте аст, ки он ифодагари шинохти инсонҳо аз рӯи изи ангуштон мебошад. “Ҳадид” номи сураи Қуръон, ки маънояш оҳан аст, аз рӯи ҳисоби абҷад 26 мешавад, ки дар ҷадвали Менделеев рақами тартибии оҳан низ 26 омадааст. Ин бозёфт натиҷаи ақли имрӯза аст. Ё тадқиқоти оламшумули Ҳорун Яҳё дар мавриди оятҳои Қуръон ва илми имрӯза ифодагари онанд, ки далелҳои ақлӣ на танҳо амал мекунанд, балки дар шароиту тамаддуни имрӯза инсоният ба онҳо сахт ниёз дорад.
                                                                              Одам бояд офарад
Инсонҳо дар рӯи замин рисолате ё кореро анҷом медиҳанд. Барои ҳамин Паёмбар (с) мефармояд: «Одамон ду гурӯҳанд – донишманд ва доништалаб, дигарон ба монанди пашшаҳоянд, дар эшон хайре нест. Албатта, ҳама донишманд буда наметавонанд ва хонандаи азиз низ худро ба гурӯҳи сеюм набарад, зеро доништалаб будан ба ҳама дастрас аст. Бале, ҳар киро рисолатест. Попов – радио, Бел – телефон, Гагарину Армстронг – кашфи кайҳону моҳ, Менделеев – ҷадвали кимиёӣ, Нобел – кашфи динамиту таъсиси мукофот барои кашшофон ва ғ. ва идома дорад.
Фариштагон пеш аз офарида шудани Одами хокӣ ба Борӣ Таоло муроҷеъ шуданд, ки ин одамро меофарӣ, дар рӯи замин хунрезӣ мекунад, фасод меварзад ва гуноҳ содир мекунад. Худованд ҷавоб дод, ки: «Он чизеро, ки ман медонам, шумо намедонед». Бале, бани башар дар рӯи замин рисолате дорад, ки ақли маҳдуди мо ба он намерасад. Ояти «Ва наофаридам инсу ҷинро магар аз барои ибодат» барои тамоми инсонҳост, то дар баробари ин ҳама фаъолият ибодат кунанд ва Худоро фаромӯш накунанд. Дар ин ҷо овардани шиори яке аз бузургтарин равияҳои тасаввуфӣ дар Осиёи Миёна – Нақшбандия «Даст ба кору дил ба ёр» басо мувофиқ аст.
                                                                          Хиради Фирдавсӣ
Ақл бо вожаи хирад муродиф аст. Бале он хираде, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» онро зиёда сутудааст:
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Ҳамеша хирадро ту дастур дор.
Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор.
Шоир фасли «Гуфтор андар ситоиши хирад»-ро пеш аз фаслҳои офариниши оламу одам (ҷ.1, саҳ. 26-30) овардааст, ки бесабаб нест. Зеро ӯ хирадро моя, гавҳар ва асли зиндагонӣ медонад ва афзуда медорад, ки:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Ҳар ду сарой гуфта шоир ин дунё ва он дунёро дар назар дорад. Яъне ақлу хирад одамро дар ду олам дастгир аст. Шоир дар боби офариниши мардум хирадро бо одам якҷо медонад:
Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид,
Шуд ин бандҳоро саросар калид.
Сараш рост бар шуд чу сарви баланд,
Ба гуфтори хубу хирад корбанд.
Баъд ақидаҳо аз Библияро меорад, ки одам тавассути ақлу ҳушу рой даду дом (ҳайвонҳо)-ро мутеъ мегардонад:
Пазирандаи ҳушу рою хирад,
Мар ӯро даду дом фармон барад.
Ақл, дониш, тафаккур
Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Чун аз ман ҳадисе шунидед, ки ба табиату ҳолатон муносиб бошад, қабул кунед ва агар ба табиату ҳолатон муносиб набошад, он ҳадис аз ман нест ва рӯ кунед». Фикр мекунам, дар ин ҳадис Расулуллоҳ (с) ба олимони ислом муроҷиат кардаанд, ки аз рӯи ақл амал намоянд.
Ақл дониш ва тафаккур аз якдигар фарқ доранд. Ҷудо будани ақлро аз дониш кайҳо зарбулмасали «Олим шудан осону одам шудан мушкил» таъкид карда буд. Тафаккур натиҷаи илму дониш аст. Фикр рондан амали ботиниест, ки дар ҳар инсон алоҳида ва муфрад аст. Дониш танҳо метавонад чароғи ақл бошад. Инҳо ҳамагӣ исми абстрактанд, ки ба чашм дида намешаванд. Ақл атои Борӣ Таъолост, аз ин рӯ аз он истифода бояд кард. Касе, ки ақлро инкор мекунад, пас одамро инкор мекунад. Зеро он чи ки одамро аз дигар ҷондорон афзалу бартар гардонидааст, маҳз ҳамин ақл аст. Китобҳои осмонӣ низ ба инсонияти боақл нозил шудаанд, то сари он андеша кунанд, дониш омӯзанд, тафаккур ронанд. Тафсиру шарҳҳо ба Қуръон магар ифодагари далели ақлӣ нестанд? Ду сарчашмаи асосии ҳуқуқи исломӣ фатво ва қиёс дар асоси ояту ҳадис пурра бо далелҳои ақлӣ ҷамъбаст ва натиҷагирӣ мешаванд. «Маснавии маънавӣ», девони Ҳофиз ва ҳазорон асарҳои гузаштагон натиҷаи ҳамон ақли худододанд. Тараққиёти илму техникаи ҳозиразамон давоми мантиқии ҳамон ақлу тафаккури гузаштагон аст.
                                                                     Нақл низ натиҷаи ақл аст
Он ҳама нақлу ривоятҳо, шарҳу тафсироте, ки дар атрофи китобҳои осмонӣ мавҷуданд, аз тарафи инсонҳои боақл навишта шудаанд ва ҳамаи онҳо равона шудаанд барои ояндагони боақл. Бузургмарде бо номи Сайдалии Саид тафсири Қуръонро бо назм навиштааст, бо номи «Тафсири зарнигор». Худо биомурзад ӯро, ки бас далерона чунин пурмасъулият кореро ба сомон расонида. Дар ҳама давру замон ақл чун маҳак ё ҷавҳари аслӣ ба инобат гирифта шудааст. Оё мо далели нақлӣ гуфта, ақлро сарфи назар мекунем? – На, далели нақлӣ худ натиҷаи ақл аст, хоҳ ақли кул бошад, хоҳ ақли ҷуз. Ақли одам ҷузъе аз ақли кул аст. Яъне, дар ҳар амали ақли ҷузъ ақли кул такягоҳ аст. Ин мисли он аст, ки падар ба фарзанд мегӯяд, ки духтарам, хӯрок паз. Дигар он тараф намегӯяд, ки оташ гирон, ё равған ширин куну фалон кор кун ва дигар амалиёти хӯрокпазиро таъкид намекунад, яъне ӯ боварӣ дорад, ки фарзандаш бо он ақлу фаросати худодод боқиро иҷро хоҳад кард. Ё аз сураи Фотиҳа «ҳидоят кун моро ба роҳи рост, роҳи онҳое, ки неъматашон додӣ», муфассирин онро роҳи паёмбарон, содиқону шаҳидону некӯкорон ва неъмати Қуръон тафсир кардаанд. Яъне, бо ақли худ онро шарҳ додаанд. Шояд муфассири дигаре онро неъмати инҷаҳонӣ тафсир кунад. Чаро ки тиҷорати ҳалолу ризқи покиза низ неъмати Худованд аст ва наметавон онро сарфи назар кард. Пас сарчашмаи далели нақлӣ ин ақлу хирад аст. Дур доштани дин аз ақл, дур доштани дин аз техникаву тараққиёти имрӯза ба зарари мусалмон аст, ки натиҷаи онро дар кишварҳои исломию мусулмонии ҷангзада дида истодаем. Аз ин нуқтаи назар, бо боварӣ мегӯем, ки дин ақл аст бо ҳама нақлу ривоятҳояш ва нақлро хонеду такя ба ақл фикрронӣ намоед!!!
Саъдӣ Исматзода,
директори Академияи
ВАО-и Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top