Худованд инсонро дар зеботарин низом ва накўтарин сурат офарид, дар ў рўҳро дамид, пас малоикаҳоро барои саҷда кардан ба ў фармон дод, ўро ба илму маърифат, ки тавассути он саодати дунё ва охиратро меёбад, роҳнамоӣ намуд. Барояш ақлу идроку забону тамиз бахшид, неъматҳои бешумору бебаҳо дод, тамоми ашёи осмону заминро мусаххари ў сохт, ўро халифаи хеш дар рўи замин таъйин кард, то онро обод намояд ва бо ин ҳама вайро гиромӣ доштааст.
Худованд тамоми шароити зиндагиро дар олам фароҳам намуд, то инсон ба таври шоиста ва хуб дар он зиндагӣ кунад. Аз тарафи дигар инсонҳоро ба гунае офаридааст, ки онҳо ногузиранд дар шакли ҷомеаҳо зиндагӣ кунанд. Пас дар дунёи инсонҳо ҷомеаҳо падид омад ва инсонҳо дар шаклҳои гуногун бо якдигар дар иртиботу муомила қарор гирифтанд.
Дар дини мубини Ислом ба бузургдошту эҳтироми инсон ва фазлу бартарии ў нисбат бар дигар мавҷудоти ҳастӣ таъкиди фаровон шудааст. Худованд дар каломи худ мефармояд:
«Мо фарзандони Одамро бузургмартаба сохта, онҳоро дар биёбону дарё бардоштем (болои маркаб ва киштӣ савор гардонидем) ва аз ҳалолу покиҳо ризқу рўзиашон додем ва онҳоро дар ниҳояти фазлу карам болои дигар махлуқот бартарӣ додем». (Сураи «Исро», ояти 70)
Таҳқири инсонҳо ба хотири фақру тангдастӣ, нотавонӣ ва ё симои зоҳириашон ба фармудаҳои Худованду Паёмбари акрам (с) ва мақоми волои одамият мухолиф аст. Паёмбари Ислом (с) дар ҳадисе фармудаанд:
«Худованд ба ман ваҳй фиристод, ки бо ҳамдигар тавозуъ дошта бошед, то ин ки касе бар дигаре фахр нафурўшад ва яке бар дигаре саркашӣ накунад» (Муслим).
Мутаассифона дар ҷаҳони муосир зуҳуроте вуҷуд дорад, ки ба ин дастуроти илоҳӣ комилан дар тазод аст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад. Маълумоти оморӣ ба таври дақиқ ба болоравии савдои одамон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Агар дар давоми чор асри ғуломдорӣ гардиши он аз 12 миллион зиёд нашуда бошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар Осиё шумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣ фурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст. Қисми зиёди ин тиҷорати зиддиинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дорад.
Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, хариду фурӯши одамон баробари хариду фурӯши маводи нашъаовар ва силоҳ барои гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор фаъолияти бештар даромаднок ва нисбатан бехавф маҳсуб меёбад.
Аксарияти давлатҳои Аврупои Ғарбӣ кишварҳои қабулкунандаи қурбониёни хариду фурӯши одамон ё транзити онҳо мебошанд, зеро қурбониёни хариду фурӯши одамон дар басо ҳолатҳо аз тарафи гурӯҳҳои ҷинояткор аз як давлат ба давлати дигар интиқол дода мешаванд. Мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як давлат уҳдадор аст, ки вайрон намудани ҳуқуқи инсонро пешгирӣ намояд, дар ҳолати содир шудани чунин вайронкуниҳо мавриди санҷиш қарор диҳад, чорабиниҳои дахлдорро нисбат ба шахсоне, ки ҳуқуқи инсонро вайрон мекунанд, андешад ва ҷуброни зарари маънавӣ ва моддиро ба ҷабрдидагон таъмин намояд. Ба рушди ин амали нангин якчанд омилҳо, аз ҷумла: афзоиши рӯзмарраи сатҳи бекорӣ, пастравии вазъи иҷтимоию иқтисодии занон, даромади зиёди моддӣ гирифтани гурӯҳҳои ҷиноятӣ аз ин намуди савдо ва ғайра боис гардидаанд.
Аз нигоҳи дини мубини Ислом афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародар ва ба манзалаи аъзои як хонавода ҳастанд. Дар ояти 13-уми сураи «ҳуҷурот» омадааст:
«Эй мардум! Мо шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ба қабилаҳову ҷамоатҳо тақсим намудем, то якдигарро аз наздик бишиносед. ҳамоно ки гиромитарини шумо назди Худо ботақвотарини шумост».
Эҳтироми мардум ва донистани қадри онҳо бузургтарин чизест, ки Ислом ба он даъват менамояд. Оиша (р) мегўяд:
«Паёмбар (с) моро мефармуданд, то қадри мардумро бидонем» (Муслим).
Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва ногузир бояд дар канори дигарон зиндагӣ кунад ва бо онҳо муомила ва нишасту бархост дошта бошад. Дар натиҷаи ин иртиботҳо гоҳе инсонҳо бо ҳам наздиктар мешванд ва дар масири кору зиндагӣ мушовиру ёрдамчии ҳамдигар мегарданд. Ин пайванди бародарона аст, ки дар дини мубини Ислом нисбати он таъкиди фаровон шудааст.
Инсон узви ҷамъият ҳисоб ёфта, ҳар фард ба ёрии фарди дигар муҳтоҷ аст. Дар ҳадисе омадааст:
«Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ўро барорад, Худованд мададгори ў мебошад». (Бухорӣ ва Муслим)
Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кўшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусалмон ҳамчун шахси инсондўст мардумро қатъи назар аз нажоду миллаташон офаридаи Худованд дониста, бо онҳо бо назари хайрхоҳона муносибат мекунад. Худованд ба мо ақлу хирад додааст, то ба василаи он некро аз бад шиносем. Паёмбар (с) фармудаанд:
“Касе, ки ба кўдакони мо раҳм намекунад ва ҳурмати калонсолони моро ба ҷо намеорад, аз уммати ман нест” (Тирмизӣ).
Савдои одамон падидаи иртиҷоии бисёрҷабҳа ва хеле мураккаб буда, ба муносибатҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иртибот дорад. Дар робита бо хавфи махсусан калони ҷамъиятӣ доштани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои имконпазири манфии иҷтимоӣ ва сиёсии он ҳар фарди ҷомеаро лозим аст, ки дар муқобили ин амали нангин бетараф набошад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки омили асосии пешрафти давлат ташаккули низоми пешрафти ҳуқуқӣ ва устувории қонуният дар ҷомеа мебошад. Ҳама муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ танзим карда шаванд, ҳамаи одамон тобеи ҳуқуқ бошанд, қонун муқаддас дониста шавад ва бечунучаро риоя гардад.
Дини мубини Ислом тамоми маънои гиромидошти табақотиро дар байни мардум, ки бар асоси молу мақом, аслу насаб, вазифаю мансаб, рангу хун бошад, лағв намуд. Мусалмононро чунон тарбия кард, ки дар онҳо мизони дурустро барои қадрдонии онҳо дар асоси ахлоқи иҷтимоӣ ба бор овард. ҳазрати Пайғамбар (с) баён намудаанд, ки ҳеҷ фазилате байни мардум вуҷуд надорад, магар ба андозаи тақво ва амали накў. ҳар имтиёз ва ё фазилатеро, ки мардум бар ғайри ин асос муқоиса менамоянд, бекор ва мардуд аст.
ҳама инсонҳо аз ҳар нажоду ранг ва сарзамине, ки бошанд, бо ҳар забоне, ки суҳбат кунанд, аз ҳар қишру табақае, ки бошанд, фарзанди Одаманд ва дар манзалати фарзандии вай дар як мартаба қарор доранд. Расули гиромӣ (с) дар ҳаҷҷатул-вадоъ ба ҷамъи зиёде аз мардум чунин фармуданд:
«Эй мардум! Парвардигоратон яке аст ва падаратон низ якест. ҳамаи шумо аз Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. ҳеҷ арабе бар ғайри араб ва ҳеҷ сафедпўсте бар сиёҳпўст ба ҷуз василаи покӣ ва парҳезгорӣ бартарӣ надорад». (Муснади Аҳмад)
Мақому манзалати инсон дар назди Худованд бисёр воло ва мартабааш дар Ислом баланд аст. Шояд инсоне либоси сода, ҷисми лоғар ва андоми қабеҳ дошта бошад, вале ҷойгоҳи ў дар назди Худованд болотар ва дар дили мардум маҳбубтар бошад. Таҳқири инсон ва поймол кардани ҳуқуқи ў сифати бадест, ки сабаби ғазабу иқоби Худо мегардад. Худованд фармудааст:
«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳеҷ тоифае тоифаи дигареро масхара накунад. Шояд он тоифа беҳтар аз инҳо бошанд. Ва на зане аз зане (масхара кунад). Шояд он зан беҳтар аз инҳо бошад. Ва ба худ лақабҳои бад намонед. Бад номе аст фисқ баъди Ислом. Ва ҳар ки тавба накунад, пас онҳоянд золимон» (Сураи «ҳуҷурот», ояти 11).
қадри мардумро донистан, манзалати онҳоро ҳифз кардан ва ҳуқуқи онҳоро адо кардан вазифаи ҳар фард аст. Паёмбар (с) фармудаанд:
«Мусалмон бародари мусалмон аст. Ба ў ситам намекунад, хораш намедорад ва таҳқираш намекунад. Тақво дар ин ҷост – ва се бор ба қафаси синааш ишорат намуд. Барои инсон ҳамин миқдор гуноҳ кофист, ки бародари мусалмонашро таҳқир намояд. Хун, мол ва обрўи ҳар мусалмон барои мусалмони дигар ҳаром аст» (Муслим).
Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он озодӣ, дўстӣ, баробарии умум ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад. Роҳи ягонаи барпо намудани чунин ҷамъият кўшидан дар илму дониш ва такмили маърифатнокии одамон мебошад. Имрўз бояд тавре амал ва зиндагӣ кунем, ки барои насли оянда намунаи ибрат бошад. Худованд шоҳиди аъмоли бандагон аст ва ҳамаи мо фардо дар пешгоҳи Ў тибқи амалҳоямон подошу мукофот мегирем.
Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон