ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

СИЁСИШАВИИ ДИН – ОМИЛИ ПАЙДОШАВИИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Дар ноҳияи Хуросон ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ якҷо бо Шурои ҷамъиятии вилоятӣ дар мавзуи «Сиёсишавии дин ҳамчун омили пайдоиши гурӯҳҳои динӣ- ифротӣ ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Шуҳрат Азиззода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулмаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Фарухулло Олимзода, ректори Донишкадаи исломӣ Зокирзода, муовинони идеологии раисони шаҳру навоҳии вилоят, мудирони маориф, масъулони шуъбаю бахшҳои кор бо ҷавонон, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон, занон ва оила ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир хавфу хатарҳо зиёд гардидааст. Ҷавонону наврасон тавассути интернету шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ гардида, боиси зиёд шудани ақидаҳои ифротӣ ва гардавидани бархе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мегардад. Ин падидаҳои номатлуб бо сабаби надонистани ҳуқуқу озодиҳои хеш ва маърифати ҳуқуқи сар мезананд.
Зикр гардид, ки зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудаааст ва он ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон зикр намуд, ки хавфи репутатсионӣ яке аз хатарҳои замони имрӯза мебошад. – «хавфи репутатсионӣ», яъне аз даст додани боварӣ, эҳтиром ё ин ки нуфузи намояндагони як миллат дар назди ниҳодҳои хориҷӣ, мисли ташкилоти байналмилалӣ, маблағгузорон ва воситаҳои ахбори оммаи ҷомеа мебошад.
Иштирок намудани шаҳрвандони ин ё он мамлакат дар ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ба паст задани мақому мартаба ва имиҷи миллату давлатҳо бурда мерасонад.
Қайд гардид, ки барои дур намудани ақидаҳои ифротӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ фаъолон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан се ниҳод- мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар ҳамбастагии зич кор баранд.
Шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top