Нимаи аввали имрӯз дар доираи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз тарафи намояндагони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа, аҳолӣ, омӯзгорон, ҷавонон ва намояндагони иттиҳодияҳои динӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш вохӯрӣ доир гардид. Илова бар мавзӯъҳои ҷойдошта муовини раиси ноҳия М, Шарифзода бо соҳибкорон ва аҳолӣ ҷиҳати омодагӣ ва анҷоми корҳои ободонӣ бахшида ба 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат намуда, дастуру тавсияҳо доданд.