ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ШАҲРИ ИСФАРА: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ

24.04.2024 бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруридин, корманди шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Исфара Валиев Беҳрӯз, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Гулафзо, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Маруфзода Мансурхуҷа ва корманди раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Сатторов Зафар дар кӯчаҳои Сомониён ва Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Нефтобод бо аҳолии маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти он аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, номзадшавии бармаҳал, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони хонашин, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллӣ зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ, одоби муошират, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top