Мулоқоти навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Ҷамолиён Раҳбарой, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия Иброҳимзода Акрам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар доираи мулоқоти мазкур оиди нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, роҳҳои мубориза бо таҳдидҳои муосир, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, воситаҳои таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносӣ, тарбияи меҳнатдӯстии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар татбиқи амалии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани шаҳрвандон барои кор ба НБО “Роғун” баррасӣ шуданд.
Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи моҳият ва мақсади эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маҳсуб меёбад.