ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

Мулоқоти судманд бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав

Имрӯз, 13.05.2024 дар ноҳияи Шаҳринав оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвадӣ ва ходимони дини кишвар баён доштанд, инчунин, бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки Раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Исуф, А.Холиқзода директори Марказ, кормандон Ҳ. Шокиров, Мутеъулло Наҷотзода намояндаи прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфайз Шарифзода, намояндаи Кумитаи дин М. Хоҷамирзода, намояндаи Ҳизби Халқи Демократӣ, вакилони маҷлисҳои халқӣ, раисони ҷамоатҳо, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шӯрои кор бо занону ҷавонон, собиқадорон, ходимони дин ва аҳолӣ дар маҷмуъ зиёда аз 400 нафар сокинон доир гардид.
Дар мулоқот Раиси ноҳия Вализода Абдуқодир Исуф, директори Маркази исломшиносӣ А.Холиқзода ва кормани Марказ Ҳ. Шокиров дар мавзуъҳои зерин: моҳияти қонунҳои миллӣ, нишон додани роҳи дурусти диёнату маърифат, робита надоштани хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом, сиёсикунонии дин, ҳифзи арзишҳои созандаи дини ислом, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ барои солҳои 2021-2025, қарори Суди Олӣ ҷиҳати манъи фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ, гирифтани пеши роҳи шуҳратталабиву намоишкорӣ, ҳаҷ набудани умра, хайру садақоти ҷория, пешгирӣ кардани бадахлоқиву ҷинояткорӣ, таассубу хурофот, тафриқаи мазҳабӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ифротшавии ҷавонон, “Соли маърифати ҳуқуқӣ ” ва 30 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Ҳ.Шокиров – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Наҷотзода Мутеъулло – сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи исломӣ

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top