Худованд дар каломи худ фармудааст: “Ба неки ва худотарсӣ якдигарро кумак кунед ва ба бадию зулм бо ҳамдигар ҳамёрӣ макунед.
Ин оят асос ва бунёди таовуну ҳамбастагӣ, некию накукорӣ аст.
Инчунин дар ояти 188-уми сураи “Бақара” омадааст:
“Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред”.
Дар ин оят ишора шудааст, ки ҳар навъ тасарруфи ноҷоизеро, ки шумо дар амволи дигаре анҷом медиҳед, лозим аст ин тасаввурро ҳам дошта бошед, ки ба ҳамон андоза, ки шумо ба амволи худ муҳаббат доред,он шахс ҳам ба ҳамон мизон ба амволи худаш алоқа ва иртибот дорад ва биандешед, агар шахси дигаре ҳам монанди амали шумо дар амволатон тасарруф мекард, чи қадар зиён медидед! Акнун ҳам тасаввур кунед, ки гӯё он амвол аз они шумо аст.
Илова бар ин, мумкин аст ба ин ҳақиқат ҳам ишора дошта бошад, ки ҳар гоҳ касе дар амволи дигаре тасарруфи номашруъ бикунад, натиҷаи табиии он ин аст, ки агар ин расм ривоҷ пайдо кунад, пас дигарон низ дар ҷойи дигар ба ҳамин шева дар амволи ӯ тасарруф мекунанд ва ба ин тартиб дар ҳақиқат роҳе барои тасарруфи ноҷоиз дар амволи хеш ҳамвор мекунанд. Агар тақаллуб дар ашёи зарурӣ марсум гардад, масалан касе дар равған равғани дигаре махлут кунад, то пули бештаре ба даст биёварад, ҳар гоҳ худи ӯ ниёз ба шир дошта бошад, соҳиби шир низ дар он об изофа намуда, ба ӯ медиҳад ва агар ба масолеҳи дигар ниёз дошта бошад , дар он ҳам тақаллуб мешавд ва агар ба дору эҳтиёҷ дошта бошад, ҳамин масъала пеш меояд. Пас ҳар миқдор пуле, ки шахс аз роҳи тақаллуб ба даст биёварад, шахси дигаре ҳамон маблағро бо найранги дигаре аз ҷайби ӯ дар меоварад. Ҳамчунин пули он шахси дувумро нафари савумӣ мегирад ва ин нодон ба ин гумон, ки сармояи худро боло мебарад, хушҳол аст, аммо ба оқибаташ намеандешад, ки бо амали мутақобил, ки бо худи ӯ сурат мегирад, чи миқдор аз сармояаш боқӣ мемонад.
Пас ҳар кас, ки бар моли дигаре ба тариқи ноҷоиз қобиз мешавад, ӯ роҳе барои тасарруфи ноҷоиз дар амволи хеш боз мекунад.
Ҳар моле, ки ба василаи дуздӣ, хиёнат, фиреб, ришват, зулм, хариду фурӯши ноҷоиз ва монанди он ҳосил шавад, қатъан ҳаром ва ноҷоиз аст.
Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) се нафарро лаънат, яъне дуои бад карданд:
- Ришвадиҳандаро.
- Ришвагирандаро
- Байни ин ду миёнаравро
Дар ҳадис омадааст: Дуои касе, ки моли ҳаром бихӯрад, пазируфта намешавад, бисёре аз мардум, ки дар ибодот ва ғайра машаққати зиёде таҳаммул мекунанд ва ба боргоҳи илоҳӣ даст ба дуо бар медоранд ва ё раб, ё раб мегӯянд; дар ҳоле, ки ғизои онон ҳаром, нўшидани онон ҳаром ва либоси онон ҳаром мебошад , дуои онҳо ҳаргиз мустаҷоб намешавад.
Зикрулло Ҳомидов,
ходими дин