“Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”, – таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои соҳаи прокуратура, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин шуданд.
Ба онҳо ҳамчунин барои дар баробари забони модарӣ аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат дода шуд.