Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Созшиномаи Ёддошти тафоҳумро рӯзи 22-юми август дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дар ҳузури ҳайатҳои расмии ду ҷониб Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Вазири корҳои исломӣ, даъват ва иршоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Абдуллатиф ибни Абдулазиз Оли Шайх ба имзо расониданд.
Бо тасвиби Ёддошти тафоҳум интизор меравад ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи дин ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои муштарак равнақ ёбад.