Санаи 28 августи соли ҷорӣ дар толори ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН машғулияти идоравӣ доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин ва кормандони дастгоҳи марказии Палатаи мазкур баргузор гардид.
Аз ҷониби намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокунандагон маълумоти муфассал ҷиҳати Қонуни мазкур пешниҳод карда шуд.
Дар фарҷоми машғулияти идоравӣ байни иштирокчиён ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.