ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

РАМАЗОН. ЧАРО ВАҚТЕ МОҲИ ШАРИФ МЕОЯД, ИНСОФ МЕРАВАД?

Ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баъзе аз тоҷирон нархи маводҳои ғизоиро беасос боло мебаранд. Бадбахтона, онро дигар дар моҳҳои баъдӣ поён намефуроранд. Ба ин тариқ, мардумро тамоми сол озурдахотир месозанд. Мақсади онҳоро мефаҳмем: даромади муфт. Аз ҳисоби ин гуна даромад боз ифтор ҳам мекунанду мехоҳанд савоб бигиранд. Андак аз ин даромадро ба камбизоатон хайр менамоянд. Аҷаб мусулмоние.

Мехоҳанд худро саховатманд ҳам нишон бидиҳанд. Магар Худоро бо чунин аъмоли зишт метавон хушнуд сохт? Магар Офаридгор ба рӯзаҳои ин гуна афрод ниёз дорад?
Ба ин масъалаи нигаронкунанда, яъне беасос баланд бардоштани нархҳои маҳсулоти ғизоӣ, Пешвои миллат дар табрикоти рамазонӣ ибрози андеша намуданд. Зимни таъкидашон ба мушкилоти мавҷуда ин ҳадисро ёдовар шуданд: «Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар кӣ нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад». Албатта, таъкид ва ёдоварии ҳадисҳо дар ин маврид хусусияти тарбиявию раҳнамунӣ доранд. Сарвари давлат мехоҳанд маърифати тоҷирони кишварро баланд бинамоянд, то мушкилотро худи тоҷирон ҳал бикунанд, вагарна роҳҳои зиёди ислоҳи вазъ мавҷуд мебошад.
Масалан, масъулони Ҳаҷ дар Маккаи муаззама ҳамасола барои зоирон аз кишварҳои дигар миллионҳо гӯсфанд ворид мекунанд, то онҳоро қурбонӣ намоянд. Нархи онҳо нисбат ба нархи бозор хеле арзон аст. Зоирон дар забҳи ин молҳои қурбонӣ ҳеҷ ранҷе намебаранд.
Бисёр мехостам, ки масъулияти воридоту фурӯши баъзе аз маводҳои муҳиму зарури ғизоӣ, аз қабили орд, рӯған, қанд, шакар ва гӯшт ба уҳдаи муассисаҳои махсуси давлатӣ вогузор шавад. Дар ин сурат, тоҷирони инсофгумкардаи мо наметавонанд муфтхӯрӣ кунанду боиси озурдаҳолии шаҳрвандон бигарданд.
Ҷ. МАҶИДЗОДА

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top