Дини ислом одамонро барои хубию накӯкорӣ, ба якдигар дӯст будану тарки душманӣ кардан, дасти ҳамдигар гирифтану эҳтироми якдигар ба љо овардан талқин менамояд, ки ҳамаи ин сифатҳо ахлоқи ҳамидаи намунавӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, каме ҳам бошад дар бораи ин сифатҳои нек дар партави оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ маълумот пешниҳод менамоем.
Беҳуда нест, ки дар Қуръони карим омадааст: “Ва агар ду гурӯҳ аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас миёни онҳо сулҳ кунед…” (сураи «Ҳуҷурот», ояти 9).
Ҳазрати Пайғамбар (с) низ барои барқарор гардидани дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид намудаанд: «Сухане, ки барои ислоҳи муносибати байни одамон буда, байни онҳо оштӣ меандозад, дурӯғ ҳисобида намешавад («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ).
Дини мубини ислом мухолифи зулму зӯроварӣ буда, доимо барои роҳ надодан ба зулм ҳидоят намудааст. Беҳуда нест, ки истилоҳи «зулм» дар 58 сураи Қуръони карим ба таври умумӣ 289 маротиба такрор гардидааст. Зулм дар луғат ба маънои “ба чизе зарар расонидан, аз ҳад гузаронидан, аз роҳи рост баромадан, аз адолат берун будан, ҳақро ба соҳибаш надодан, рафтори ношоиста кардан” омадааст.
Пайғамбари Худо (с) гуфтаанд: “Аз дуои бади мазлум (яъне ба зулм гирифторшуда) парҳез кунед, зеро байни вай ва Худованд ҳеҷ чиз пеши роҳи қабули дуоро гирифта наметавонад” («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).
Ҳазрати Пайғамбар (с) рӯзе гуфтанд: “Ба бародари муъминатон, хоҳ золим бошад ва хоҳ ба зулм гирифтор шуда бошад, кумак кунед”. Яке аз саҳобаҳои дар он ҷо буда мепурсад: “Эй Расули Худо, ба нафари ба ноҳақӣ гирифторшуда кӯмак мекунем, вале ба нафари зулмкарда чӣ хел кумак мекунем?”. Пайғамбари Худо (с) мегӯянд: “Бо нагузоштани ӯ ба зулм кардан” («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ).
Дини мубини ислом дар ҳар мавзуъ адолатро тавсия дода, зулму ноадолатиро манъ карда, онро гуноҳи бузург ҳисобидааст.
Ба ҷо овардани шукри Худое, ки моро ҳамчун инсон офарида, бо неъмати ақл аз дигар ҷонварон бартарӣ додааст ва китобҳои илоҳӣ фиристода, роҳамонро пурнур кардааст, вазифаи бандагии аз ҳама муҳимтарини мо мебошад. Пас, агар инсон ба хотири ин қадар неъмати ба ӯ эҳсоншуда ба парвардигораш шукр нагӯяд, ношукрӣ кардааст. Дар Қуръони карим омадааст: “Ва аз ҳар чӣ хостед, барои шумо дод. Ва агар неъмати Худоро бишуморед, онро шумор карда натавонед. Ҳамоно инсон ситамгари носипос аст” (сураи «Иброҳим», ояти 34).
Шукр кардан ба маънои соҳиби неъматро шинохтан ва ба ҳамаи фармонҳо ва чизҳои манъкардаи Ӯ итоат кардан аст. Аллоҳ таоло мефармояд: “Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам; ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби Ман сахт аст” (сураи «Иброҳим», ояти 7).
Як чизро набояд фаромӯш кард, ки шукри ҳар неъмат аз ҷинси худаш аст. Шукри пулу мол, закот додан, шукри илм – ба инсонҳо маълумоти дурустро ёд додан, шукри бадан – ба ҷо овардани ибодати Худо ва ба фоидаи инсон кор кардан, шукри ин даврони тинљию оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ – ба қадри заҳматҳои кашидаи Сарвари давлат расидан ва бо сухану бо амал доим аз он дифоъ намудан аст.
Дар дини мубини Ислом ба хотири бо роҳи ҳалол таъмин кардани ризқи худ ва нафақаи оила кор кардани ҳар як нафар ибодат ҳисобида шуда, ҳамин тавр диққати моро ба касби даромади ҳалол ҷалб кардааст. Аллоҳ таоло мефармояд: «Эй мӯъминон, амволатонро дар миёни худ ба ноҳақ махӯред, магар вақте ки он доду ситади тиљорат бо ризои якдигар аз шумо бошад…» (сураи «Нисо», ояти 29).
Дар оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ ризқи ҳалол талқин карда мешавад. Пайғамбари Худо (с) боарзиш будани нони бо меҳнат ба даст овардаро таъкид намудааст. Меҳнати дасти инсон ва ҳар кори бо арақи ҷабин ва нури чашм ҳосилшуда, то замони ба даст овардани ризояти Худо дар сатҳи ибодат мебошад. Рӯзе аз наздики маҳалли зисти Пайғамбар (с) як марди қавӣ ва тануманд мегузарад. Асҳоби киром ӯро дида мегӯянд: “Ё Расулуллоҳ, кошки ин одам барои ризои Худо кор мекард”. Пайғамбар (с) дар ҷавоб мегӯяд: “Агар ин одам барои таъмини таоми фарзандони хурдсолаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст. Агар барои таъмини эҳтиёҷоти падару модари пираш баромада бошад, дар роҳи Худо аст, барои ба даст овардани ризқи худаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст” (“Ат-тарғиб ва-т-тарҳиб”).
Дар ҷойи дигар Пайғамбар (с) мефармояд: “Барои инсон луқмаи бо меҳнати худаш ба даст оварда аз ҳама ширинтар аст. Пайѓамбари Худо Довуд (а) бо дастони худаш ризқашро аз пешаи оҳангарӣ ба даст меовард” («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ)..
Эҳтироми калонсолон ва дӯст доштани хурдсолон низ яке аз талаботи дини мубини ислом ба шумор меравад. Ҳамзистии инсонҳо дар доираи робитаҳои муайян ҷараён мегирад. Тарзи дурусти муроҷиат кардан, аз ҷой хестан, ба касе ҷойи нишаст додан мавҷуданд ва инҳо одатҳое мебошанд, ки эҳтироми хурдсолонро нисбати калонсолон ифода мекунад. Муносибати хуб доштани калонсолон нисбати хурдсолон, ба хатоҳои хурдсолтарон меҳрубонона ишора карда, эшонро падарвор панду насиҳат кардан, коштани донаҳои накӯкорӣ ва эҳтиромгузориро дар љомеа устувор намудан аст. Танҳо бо чунин тарзи муомила ташкили ҷомеаи солим, хушбахт ва пойдор имконпазир мегардад.
Хурсандиовар ин аст, ки чунин хислатҳо дар ҷомеаи мо садсолаҳо инҷониб ҳифз шудааст. Чунин вазъият нишондиҳандаи он аст, ки ислом дар робитаи байни одамон таъсир гузошта, аз тарафи ҷомеаи мо ба хушӣ пазируфта шудааст. Чунин рафтори хуб дар ҳадиси зерини Пайғамбарамон (с) ба таври ошкор баён гардидааст: “Касе ки ба хурдсолон меҳрубонӣ намекунад ва калонсолонро эҳтиром намегузорад, аз мо нест” (Ривояти Имом Тирмизӣ).
Ҳурмати падару модар ва бо онҳо муомилаи хуб кардан вазифаи динӣ, инсонӣ ва ахлоқии ҳар як фарди љомеа мебошад. Дар Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ итоати падару модар аксаран пас аз иҷрои вазифаи бандагӣ ба Худо хотирнишон гардидааст. Дар як оят чунин омадааст: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!” (Сураи «Исро», ояти 23).
Дар як ҳадиси шарифи дигар Пайғамбари Худо (с) мефармоянд: “Вой бар ҳоли ӯ, вой бар ҳоли ӯ ва боз вой бар ҳоли ӯ”. Яке аз саҳобагон аз ӯ пурсид: ба ки вой бар ҳоли ӯ мегӯед, эй Расули Худо? Пайғамбар (с) дар ҷавоб гуфт: «Касе, ки ба синни пиронсолии падару модараш ё яке аз онҳо мушарраф гардида, ба биҳишт надаромадааст (онҳоро розӣ накардааст ва сазовори ворид шудан ба љаннат нашудааст) («Саҳеҳ»-и Имом Муслим).
Падидаи номатлубе, ки одамонро душмани якдигар мекунад, ҳисси бовариро аз байн мебарад, дӯстиҳоро барҳам мезанад, дурӯѓ ва фиреб аст. Дурӯғ суханест, ки як нафар ҳақиқат набудани онро дидаву дониста ба забон меорад, яъне сухани беасосеро барои фиреб додани касе истифода мебарад. Ҳилла бошад, ба маънои касеро бо суханони нодуруст ба роҳи дилхоҳ даровардан ва ё давоми фикри хатои мавҷудбударо ҳифз карда, фиреб додан аст. Одамони дурӯғгӯ ва ҳиллагар ба инсонҳое табдил меёбанд, ки касе ба онҳо бовар намекунад, онҳоро эҳтиром намекунад. Ҳазрати Пайғамбар (с) ба саҳобае, ки гандуми тари ба фурӯш баровардаашро дар зери халта пинҳон карда буд, гуфтааст: “Касе, ки моро фиреб медиҳад, аз мо нест” («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ).
Дурӯғ ва ҳиллагарӣ роҳе барои пинҳон кардани бадӣ ва ноадолатӣ, бадахлоқӣ ва беодобӣ аст. Ҳардуяш ҳам корҳои баде мебошад, ки дини мубини ислом онро шадидан маҳкум кардааст.
Ин дунё, ки сарзамини имтиҳон мебошад, ҳалол ва ҳаром муайян аст. Аммо бандае, ки ҳаққи интихоб дорад, бояд ризқи “тоза ва ҳалол”-ро беҳтар ҳисобад.
Ризқи хуб ва тоза дорои лиҳози моддӣ ва маънавист. Аз лиҳози маънавӣ тоза будан чизҳоеро дар бар мегирад, ки аз дидгоҳи шариати исломӣ истеъмоли он манъ карда нашудааст ва аз лиҳози моддӣ тоза будан чизҳоеро дар бар мегирад, ки ба инсон зараровар нестанд.
Ризқ чизҳои зиёдеро дар бар мегирад. Танҳо ба чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ маҳдуд нест. Ашёҳое, ки мо истифода мебарем ва ҳатто узвҳое, ки ба мо ба амонат супорида шудаанд, ба он дохил мешаванд. Мо бояд онҳоро барои корҳои шоиста истифода барем.
Ҳазрати Пайғамбар (с) чунин гуфтааст: “Моли ин дунё назаррабо ва ширин аст. Ҳар касе, ки бо дили кушод бе тамаъ ва ҳирс соҳиби он мол гардад, барои ин кораш молаш бобаракат мегардад. Вале касе, ки бо қалби пур аз ҳирсу тамаъ ин молро орзӯ кунад, ба хотири ин кораш баракати он мол мегурезад” («Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ).
Расули акрам (с) ба умматони хеш аз самими қалб ба Аллоҳ таоло шукрона кардан ва бо дигарон тақсим кардани чизҳои дар дастамон бударо тавсия дода, чунин гуфтааст: “Бо қаноат бош, он вақт нафари аз ҳама зиёд ба Аллоҳ шукр мекарда ту мешавӣ. Чизи барои худат мехостаро барои дигарон ҳам бихоҳ, он вақт мусулмони ҳақиқӣ мешавӣ” («Саҳеҳ»-и Ибни Моҷа).
Яке аз шартҳои асосии дини мубини Ислом усули “тавсия кардани хубӣ ва парҳез кардан аз бадӣ” аст. Дар аксарияти оятҳои Қуръони карим ин шарт яке аз вазифаҳои асосии муъминон ба ҳисоб рафта, барои паҳн шудани некӣ ва зебогиҳо дар ҷомеа ва коҳиш ёфтани бадӣ нақши асосӣ мебозад.
Барои иҷрои ин шарт ҳам мардон ва ҳам занон вазифадор ҳастанд. Дар як ояти карима чунин омадааст: «Ва мардону занони муъмин корсози якдигаранд: ба кори писандида мефармоянд ва аз кори нописандида манъ мекунанд ва намозро барпо медоранд ва закот медиҳанд ва ба Худову расули Ӯ фармонбардорӣ мекунанд. Худо бар онҳо раҳмат хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Худо Ѓолиби Дурусткор аст” (Сураи “Тавба”, ояти 71).
Ҳамон тавре, ки мебинем, некӣ кардан ва пеши роҳи бадиро гирифтан вазифаи ҳар марду зани муъмин аст. “…Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед; ва аз Худо битарсед! Ба дурустӣ ки уқубати Худо сахт аст” (Сураи «Моида», ояти 2) ҳам фармони Худо аст. Илова бар ин “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кардан ва дар корҳои нек шитоб варзидан амали инсони солеҳ ба ҳисоб меравад.
Вақте ба маънии оят ва ҳадисҳо сарфаҳм меравем, аён мегардад, ки онҳо калиди дари некӣ ва қулфи ҳар бадӣ барои ҳар як фарди мусулмон аст.
Ҳасан Давлатов,
мудири бахши дин, танзими анъана ва
љашну маросими МИҲД-и ш.Ҳисор