ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БОЗ О, БОЗ О, ҲАР ОН ЧӢ ҲАСТӢ, БОЗ О!

Соли гузашта дар саҳрои Арафот яке аз ҳамватанони тоҷик, ки назди мо нишаста буд, аз рӯйи варақ бо забони арабӣ дуо мехонд. Чун мушоҳида кардам, ки хато мехонад, баргаштаму гуфтам: “Бародар, оё беҳтар нест, ки ту розу ниёзи хешро дар ин фурсати андак бо забони худат гӯӣ ва арзи хешро ба даргоҳи Қозиюлҳоҷот расонӣ?” Гуфт: “қабул намешавад, мулло фулонӣ гуфт, дуоро бо арабӣ кун”. Ҳамин дам яке аз ҳозирини маҷлис бархосту гуфт, ки: “Дӯстон, ман шунидам дар миёнамон домулло Абдураҳим ҳузур доранд. Агар чунин аст, аз эшон хоҳиш мекунам, ки чанд лаҳза моро насиҳат кунанд” Мулло Абдураҳими Қазоқонӣ аз ҷо баланд шуду мардумро насиҳат кард. Дар зимн гуфт, ки “мебинам бештари шумо бо он ки арабӣ балад нестед, бо забони арабӣ дуо мекунед ва хато мехонед. Беҳтар он аст, ки бо забони худ розу ниёз кунед, Парвардигор забони тамоми бандагонро медонаду дуои ононро иҷобат мекунад”. Ҳоҷии тоҷик нигоҳе ба банда карду гуфт: “муаллим, ту аз куҷо медонистӣ …”
Ин ҳолатро ёд овардаму мехоҳам чанд муноҷоти зебои тоҷикии порсиро бикорам, то дӯстоне, ки огоҳ нестанд, аз хондани он лаззат баранд. Шоирони порсигӯй дар осори худ ниёишҳову муноҷотҳое ба даргоҳи Худо доранд, ки хондани он боис мешавад, мо бо қалбе ошиқонатар ба даргоҳи Бории Таъоло биравем. Беҳтарин ниёишҳо дар оғози китоб ва гоҳе низ дар поёну хатми он омадааст.
Муҳимтарин вижагиҳои ниёиши порсӣ латофату нармӣ, зарофату оҳанги тазарруъ аст, ки бо калимаи “Илоҳӣ” ё “Худоё” оғоз мешавад. Вижагии дигаре, ки ба мушоҳида мерасад, таъсирпазирии зиёд аз оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дар муноҷотҳои адибони порсигӯст. Ҳамчунон дар муноҷоти порсӣ ҳамду тамҷиди Офаридагору ситоиши бузургиҳои Ӯ ҳамроҳ бо аҷзу нотавонӣ ва дархосту тазарруъ омадааст.
Инак, яке аз зеботарин муноҷотҳои адабиёти порсӣ – муноҷоти Ҳаким Низомии Ганҷавиро меоварам, ки хондани он руҳро оромиш мебахшаду ҷонро аз гирифториҳо озод месозад. Дуруд бар равони Низмоии сухангустар! Низомӣ, ки назми сухан кори ӯст,
Дарӣ назм кардан сазовори ӯст!
Худоё! Ҷаҳонподшоҳӣ турост!
Зи мо хидмат ояд, Худоӣ турост!
Паноҳи баландию пастӣ туӣ
Ҳама нестанд, ончӣ ҳастӣ туӣ!
Ҳама офаридаст болову паст
Туӣ офаринандаи ҳар чӣ ҳаст!
Туӣ бартарин донишомӯзи пок!
Зи дониш қалам ронда бар лавҳи хок!
Чу шуд ҳуҷҷатат бар Худоӣ дуруст!
Хирад дод бар ту гувоҳӣ нахуст!
Хирадро ту равшан басар кардаӣ!
Чароғи ҳидоят ту бар кардаӣ!
Туӣ к-осмонро барафрохтӣ,
Заминро гузаргоҳи ӯ сохтӣ.
Туӣ к-офаридӣ зи як қатра об
Гуҳарҳои равшантар аз офтоб.
Ҷавоҳир ту бахшӣ дили сангро
Ту дар рӯйи ҷавҳар кашӣ рангро.
Наборад ҳаво, то нагӯӣ бибор,
Замин н-оварад, то нагӯӣ биёр.
Ҷаҳоне бад-ин хубӣ оростӣ
Бурун з-он ки ёригаре хостӣ.
Зи гармию сардию в-аз хушку тар
Сириштӣ ба андозаи якдигар.
Чунон баркашидию бастӣ нигор,
Ки беҳ з-он наёрад хирад дар шумор.
Муҳандис басе ҷӯяд аз розашон
Надонад, ки чун кардӣ оғозашон?
Ба ҳарч офаридию бастӣ тироз
Ниёзат на, ай аз ҳама бениёз!
Чунон офаридӣ замину замон
Ҳамон гардиши анҷуму осмон.
Ки чандон ки андеша гардад баланд
Сари худ бурун н-оварад з-ин каманд!
Набуд офариниш, Ту будӣ Худой!
Набошад ҳаме ҳам, Ту бошӣ ба ҷой!
Кавокиб Ту барбастӣ афлокро
Ба мардум Ту оростӣ хокро!
Чунон бастӣ он тоқи нилуфарӣ
Ки андешаро нест з-ӯ бартарӣ!
Хирад то абад дарнаёбад Туро
Ки тоби хирад барнатобад Туро.
Саре к-аз Ту гардад баландигарой
Ба афкандани кас наюфтад зи пой!
Касеро, ки каҳри Ту дар сар фиканд,
Ба помардии кас нагардад баланд!
Ҳама зердастему фармонпазир.
Туӣ ёваридеҳ, Туӣ дастгир!
Агар пойи пил аст, агар парри мӯр
Ба ҳар як Ту додӣ заъифию зӯр!
Киро заҳрае он ки аз бими Ту
Гушояд забон ҷуз ба таслими Ту?
Маро дар ғубори чунин тирахок
Ту додӣ дили рушану ҷони пок!
Гар олуда гардам ман, андеша нест
Ҷуз олудагӣ хокро пеша нест!
Гар ин хок рӯй аз гунаҳ тофтӣ
Ба омӯрзиши Ту ки раҳ ёфтӣ?!
Гуноҳи ман ар н-омадӣ дар шумор
Туро ном кай будӣ Омӯрзгор?
Шабу рӯз дар шому дар бомдод
Ту дар ёдӣ аз ҳарчӣ дорам ба ёд!
Чу аввал шаб оҳанги хоб оварам
Ба тасбеҳи номат шитоб оварам!
Чу дар нимашаб сар барорам зи хоб,
Туро хонаму резам аз дида об!
В-агар бомдод аст, роҳам ба Туст!
Ҳама рӯз то шаб паноҳам ба Туст!
Чу хоҳам зи Ту рӯзу шаб ёварӣ
Макун шармсорам дар ин доварӣ!
Чунон дорам ай довари корсоз,
К-аз ин бониёзон шавам бениёз!
Парастандае к-аз раҳи бандагӣ,
Кунад чун Туеро парастандагӣ!
Дар ин олам обод гардад ба ганҷ!
Дар он олам озод гардад зи ранҷ!
Сайфулло Муллоҷонов

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top