Мусоҳиба бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои ташкил шудани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аз ҷумла зиёиёни кишвар ташаббус нишон доданд, то мамлакат аз буҳрони амиқи сиёсӣ – иҷтимоӣ раҳо ёбад. Нақши забонро дар иҷрои ин рисолатҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Забони модарии мо дар тули таърихи пуршебу фароз ва пурҳаводиси замон ҳамеша нақшу рисолаташро барои ҳифзи ҳувият ва инъикосу зинда нигоҳ доштани асолати таърихии миллат шарафмандона ба иҷро расондааст. Дар раванди ташаккулу таҳаввули таърихӣ, давраҳои муайянкунандаи сарнавишт ва дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз забони тоҷикӣ чун рамзу намоди азамату ҳашамати миллат аз худ дарак дода, чун сипаре миллатро аз парокандагиву парешонӣ ҳифз кардааст.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нооромию бесарусомонӣ миллатро дар вартаи ҳалокат қарор доданд ва таназзули фарҳангию арзиширо ба миён оварданд. Дар ҳамон шароит бузургии забони модарии мо ба тасаллути фарҳангиву ғоявӣ, ки душманони миллат ҳадафмандона дар пайи амалӣ намуданаш буданд, зарбаи сахт зад ва миллатро неруи арзишӣ ва қуввату қудрат дод. Аз ин сабаб, забони модарии мо дар раванди расидани кишвар ба сулҳу ваҳдат нақши бағоят бузург бозидааст.
– Аввалин талошҳои худшиносӣ ва истиқлолхоҳии тоҷикон дар замони шуравӣ барои забон буд. Ин боис ба сарҷамъии мардум ҳам гашт. Он замон, воқеан ҳам, забони миллат мушкили зиёд пайдо карда буд?
– Барои миллате, ки раванди дурударози ташаккулу таҳаввулро паси сар кардааст, забон ба сифати воситаи асосии таҳвилу интиқоли тамаддуну фарҳанг ва маърифату маънавиёту илму адаб, аз як насл ба насли дигар, хидмат мерасонад. Таърих гувоҳи ҳол аст, ки, агарчи миллати тоҷик ҳазорсолаҳо дар зери султаи аҷнабиён қарор дошт, ҳеҷ як сиёсати замон ва идеологияи давр қодир ба он нашуд, ки дар раванди ташаккулу таҳаввули миллат ихтилол ворид созад. Тоҷикон ҳамеша ва дар зери таъсири ҳама гуна шароит забони модарӣ ва дигар унсурҳои муайянкунандаи миллатро пос доштанду гиромию азиз гумоштанд. Албатта, идеологияи шуравӣ аз эҳёву тазоҳури унсурҳои фарҳангии миллат сари тарс дошт. Бинобар ин, талошҳои танг намудани мавқеъ ва ба ҳошия рондани забони тоҷикӣ аз ҳавзаҳои илмию адабӣ мушоҳида мешуд. Вале талошҳои фарзандони содиқи миллат на фақат ба устувории мавқеи забони тоҷикӣ сабаб шуд, балки ба ҳушёрӣ, огаҳӣ ва авҷ гирифтани раванди истиқлолхоҳӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ боис гашт. Акнун забони тоҷикӣ, ки ҳомили асолату наҷобати халқ буд, ба омили ваҳдати фикрии саромадони миллат табдил ёфт ва ба ҷараёну ҳаракатҳои истиқлолхоҳ самт бахшид.
– Замони истиқлол соҳибони забонро ба масъулияти бештар водор мекунад. Ин масъулият дар чӣ эҳсос шуд ва барои насли оянда чӣ мерос мегузорем?
– Фаромӯш набояд кард, ки дар дарозои таърих душманони миллат барои аз байн бурдани ҳувият, ҳайсият, арзишу муқаддасот ва тафохуру таоруфи миллӣ ва барои нест кардани забон, ки омили нахустини муайянкунандаи миллат мебошад, чандин маротиб кӯшиш кардаанд. Аммо асолату наҷобати миллат ва ғурури миллии гузаштагони пурифтихорамон нагузошт, ки дар ин туфону гирдбодҳои даҳшатбори таърих заррае парешидагӣ ба забон ва ба фарҳангамон ворид гардад. Истиқлоли давлатӣ, худсолориву озодӣ ва давлатдории миллӣ, ки бо қудрати сиёсати қавианосири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он шарафёб гардидем, имкони фарохи омӯзишу пажӯҳиши забонро фароҳам овард ва, аз ҳама муҳим, равобити моро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг тақвият бахшид…
– Раванди ҷаҳонишавӣ фарҳангҳои камзарфиятро аз байн мебарад. Ҷузъи муҳими фарҳанг забони миллӣ аст, ки ҳазорсолаҳо сохта шудааст. Дар ин моваро бояд ба чӣ таваҷҷуҳи бештар намоем?
– Ҷаҳонишавӣ падидаест, ки ҳазорон пайомадҳои манфӣ ва мусбатро дар пай дорад. Таъсири манфии ҷаҳонишавиро аз ҳама бештар фарҳангҳои миллӣ дар худ эҳсос мекунанд. Дар замони имрӯз ҷараёни тасаллути фарҳангҳои бузург бар сари фарҳангҳои камнуфуз авҷ гирифтааст. Забон, ки ҷузъи фарҳанг аст, дар ин радиф аз ҳама аввал мавриди таҳдиду хатар қарор мегирад. Дар ин росто ҳар як қавму миллат мекӯшад, ки забонро чун пояи асосӣ ва фарҳангӣ аз ҳуҷуми чолишҳои давру замон муҳофизат кунад. Дар шароити муосир миллате, ки забони модарии худро пос намедорад, пояндагиву абадияташ дар хатар аст ва баръакс, он миллате, ки забон дорад ва ба он арҷ мегузораду дар ҳифзу ҳимоя ва беолоиш нигоҳ доштани он мекӯшад, барои хеш дар муқобили таҳдиду хатарҳо садду истеҳкоми бузурге бино намудааст. Ҷойи пинҳон нест, ки дар баробари пайомадҳои раванди ҷаҳонишавӣ, инчунин ҳастанд гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки қасдан нияти тасаллут пайдо намудан бар фарҳанг ва ворид намудани латма бар забони нобу шевои тоҷикиро дар сар мепарваранд. Кӯшишҳои инкори номи забон ва зери интиқод қарор додани забони адабии ҳозираи тоҷик далели ҳоланд.
Дар чунин шароит мо – соҳибони забон, бояд бо марому мақсади ташаккулу таҳаввул, поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи он аз пайомадҳои манфии мавҷуда, амалӣ намудани силсилаи ташаббусу ибтикорҳои муҳимро рӯйи даст гирем. Аҳдофу маром ва мақсаду нияти мо аз ширкат дар раванди ташаккулу таҳаввули забон ва бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бояд баланд бардоштани мартабаю ҷойгоҳи забон ва боз ҳам мустаҳкаму мукаррам гардондани он бошад. Ҳама гуна падида, ғоя ва ақидае, ки мақсади тасаллут бар забони моро дошта бошад, билфосила бояд вокуниши моро пеши рӯйи худ бинад. Бо бештар намудани омӯзишу пажӯҳиш ва нашри адабиёти илмию адабӣ, ҳамкорию ҳамоҳангии созанда бо забонпажӯҳишони кишварҳои минтақа ва рӯйи даст гирифтани иқдомоти дигар метавон камолоту шаҳомати забони тоҷикиро ҳифз кард. Ин ҳама рисолату вазифа ва қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии мост.
«Бонувони Тоҷикистон»