29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат нақлиёту коммуникатсия ва ғайра саъю кӯшиши муштарак доранд.
“Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва кишварҳои минтақа бо дарназардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”, – иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат дар ин зимн рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.