ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҷалби мудирони шуъба, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич ва Зафарободи вилояти Суғд вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинари мазкур, кормандони Кумита вобаста ба мавзуъҳои зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсад ва муҳтавои қонун, шарҳи моддаҳои алоҳидаи он, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар маъракаю маросим суҳбат намуданд.
Кумита дар оянда низ баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар самти назорат ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва ҳуқуқии кормандони соҳа пайваста чораандешӣ менамоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top