ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таҳти унвони мазкур 18 октябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҷалби устодон ва донишҷӯёни курсҳои 1-2 ва 3-4-и факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз, суҳбатҳо ороста шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top