ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ САРМУТАХАССИСОНИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи курс Олимзода Фаррухулло – муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Сафарзода Даврон Ҷурахон – ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Кенҷазода Мирзо Анвар – муовини сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ ва дигар шунавандагони курс иштирок намуданд.
Дар оғоз ноиби якуми ректори Академия Сафарзода Д. ибрози назар карда, қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст. То қабули Қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи курс ба шунавандагон вобаста ба шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тартиби таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои муҳимму муфид бо ҷалби мухтахассисон ва устодони соҳибтаҷриба машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top