Сарзамини биҳиштии Сангвор ё водии Вахёи бузургворро ҳар шефтае ба нисбату сурату сифате ба тасвир кашидааст. Яке аз табиати покаш гуфтаву яке аз баракати хокаш навишта, яке бурҷҳои баландашро сутудаву яке мардуми арҷмандашро, яке ошиқи шеваи ширинаш шудаву яке масти лаззати ангубинаш. Аммо банда дӯст доштам, ки ёддошти Сангворро аз зикри саломи ин водӣ оғоз намоям. Зеро гарчи бештари кишварро гаштаву ҳама ҷо салому эҳтироми зотии мардуми тоҷикро дидаам, аммо саломи Сангвор чизе азиму нотакрор буд. Чизе саросарию ҳамагонӣ…
Чун аз гардиши Ҳавзи Кабуд вориди ҳудуди Сангвор шавем, беихтиёр дармеёбед, ки инак пой ба водии нуронии адабу салому эҳтиром ниҳодаем. Водие, ки забони мардумаш аз шаҳди салом ширин гаштаву муҳити солимаш аз накҳати салому эҳтиром атрогин шуда:
Ибтидояш гар бувад Ҳавзи Кабуд,
Ҳавзи Кавсар интиҳои Сангвор.
Ин ҷо ҳар роҳгузар, чи хурду чи бузург, чи ошнову чи ноошно, чи савораву чи пиёда дасти адаб пеши бар ниҳода, бо табассуми малеҳ ва бо равиши саҳеҳ одоби саломро ба ҷой меорад.
Ин ҷо шаҳсаворон аспҳои самандро лаҳзае ист дода, аз ҳамон баландии адаб салом медиҳанд ва ронандагон низ бо костани суръату ишорати сар ба ҳар раҳгузар дуруд мефиристанд.
Тифлони хушсурату нектарбият, ки дар роҳи дабистон ва бозгашт аз онанд, ба истиқболи қудуми ҳар меҳмон села-села табассуму салом нисор медоранд…
Салому салому салом…
Гӯйӣ тамоми аҳли ин водӣ дар оини адаб бар пой хеставу дар сафи салом истода бошад. Балки ҳар дарахти сабзу ҳар бурҷи баланд ба салом истодаву ҳар рӯди обу ҳар чашмаи ноб замзамаи салом дорад. Шаҳри салом, водии салом, доруссалом…
Бале, ин ҳисси наҷибу нотакрорест, ки як водӣ ба шумо салом гӯяду як диёр ба шумо эҳтиром гузорад. Бале, ин манзараи беназир аст, ки аз салом чунин маҳшаре ороста бошанд…
Ҳастии мо адаб, фарҳанги мо салом,
Водии маърифат, водии эҳтиром…
Ва шуниданист, ки бисёре аз сайёҳони хориҷӣ низ ин саломи Сангвор ва вусъату азамати онро дарёфтаву дар ёддоштҳои худ овардаанд. Ва таъкид намудаанд, ки дар Тоҷикистон водие ҳаст, ки дар он ҳама мардум ба ҳама меҳмону роҳгузар салом мегӯянд. Ва ба ин восита хабари саломи Сангворро ба тамоми ҷаҳон бурдаанд…
Оре, саломҳо қабул, ҳазорон алейк бар саломҳои Шумо! Оре, табассумҳо некӯ, қурбони табассумҳои Шумо. Оре, эҳтиром пазируфта, ҳазорон сипос аз эҳтироми Шумо ва, эй кош шостаи ин салому ин табассуму ин эҳтироми самимии Шумо бошем.
Аммо он чизе, ки барои ман бисёр ва бисёр муҳим буд, дар ин водии азим дар чунин сатҳу миқёс зиндаву ҷорӣ мондани яке аз рукнҳои муҳимми фарҳангу асолати тоҷик, яъне рӯйи хушу салому эҳтиром буд.
Бале, ин саломи тоҷикист, ин эҳтироми тоҷикист, ин фарҳанги тоҷикист, ин як пояи муҳимми ҳувияти тоҷикист.
Бале, саломи мо ҳамин буд, одоби мо ҳамин буд, асолати мо ҳамин буд, мазҳаби мо ҳамин буд, эътиқоди мо ҳамин буд…
Бале, дар фарҳанги миллати мо ҳамеша ҳама ба ҳам салом мегуфтанд, ҳама ба ҳам табассум мефиристоданд, ҳама бо ҳам эҳтиром мегузоштанд.
Бале, мардуми тоҷик ҳамеша ҳамин чеҳраҳои нуронӣ, ҳамин гунаҳои пурҳаё, ҳамин лабони пуртабассум, ҳамин зарофати намакин, ҳамин саломи гарм ва ҳамин адаби баландро дошт, ҳамон гуна, ки имрӯз дар Сангвор дидем. Маруми мо ва тамаддуни мо ҳамеша ҷамъе аз адабу ҳусну малоҳат буд:
Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт!
Ва чи гуворост, ки ин хислати асили миллӣ, ин расми наҷиби азалӣ ва ин саломи самимии тоҷикӣ дар водии Вахёи бузург ҳамчунон побарҷост.
Ва бо дидани ин манзараҳои бениҳояти салом ба дил мегуфтам, ки агар чизе аз ин диёр бо худ ба шаҳр барам, пеш аз ҳама ҳамин нури табассум, ҳамин фарҳанги салом ва ҳамин маърифати эҳтиромро мебурдам. Чизе, ки дар ғубори шаҳрҳо гард гирифта, арзише, ки дар талотуми шаҳрҳо фаромӯш гашта, гавҳаре, ки дар бозорҳои шаҳр гум гашта ё ба яғмо рафта. Ва то ҷое расида, ки агар ба раҳгузаре бо табассум салом фиристӣ, аз сари тааҷҷуб сӯят менигарад, ки фалонӣ кист ва ғараз аз саломаш чист…
Солҳо пештар дар Амрикои дурдаст аз чанд маркази омӯзиши фанни тиҷорат ва оини дӯстёбӣ гузар доштам, ки он ҷо мурббиён ба шогирдон талқин мекарданд, ки калиди ҳама комёбиҳои инсон дар тиҷорат ва ҷомеа ҳамин салому табассуми мудом аст. Дар ин боб ҳатто китобҳои азиме навиштаву тиҷоратҳои бузурге ба роҳ мондаанд ва илми бо салому бо табассум тасхир кардани қалби инсонҳо, хоса ҷалб кардани муштариҳоро ба авҷ расондаанд. Яъне таълим медоданд, ки аз салому табассум барои муштариҳои худ доме бисозанд, то муштари гирифтор ояду бозори молашон ривоҷ ёбад…
Ва пояи суст ва нуктаи заъфи ин мактабҳои манфиатию тиҷоратӣ дар он буд, ки мехостанд ба шогирдони тиҳӣ аз ахлоқу адабу ҳикмату маънавият салому табассум омӯзанд, то бо ин саломи абзорӣ дар тиҷорату муошират комёб бошанд…
Ва беихтиёр аз дил мегузашт, ки бо тафовут аз он саломҳои абзорию табассумҳои тиҷорӣ, ки решае дар табиату самимияту эҳсоси инсон надоранд, салому табассуми мардуми Сангвор падидаи ҷавҳариест, ки аз ниҳояти адабу тарбият ва аз умқи сафову самимият берун меомад. Ин ҷо салом дом нест, балки худи табиату фарҳанги ин мардум аст, балки дар ҳар табассум гармие аз ҷон ва дар ҳар салом накҳате аз адабу имон гузошта шудааст. Адабу саломк, ки бо шири поки модар вориди ҷон шудаву бо нони ҳалоли падар дар мағзи устухон нишаста.
Ин ҳамон саломи амн ва пайвандгар аст, ки аз қалб бурун омадаву бар қалб менишинад ва маънии аввалию ҳикмати азалии салом низ дар ҳамин будааст. Зеро салом дар асли луғати худ ҳамеша ба маънои сулҳу амнияту кафолати бехатарию беозорӣ буд. Он ҳамеша маънои дӯстӣ, балки маънои шартномаи сулҳу ҳамзистиро дошт. Ин аст, ки ҳар салом як паёме аз амнияту осудагии меҳмон дар ин сарзамин аст…
Пас некӯст, ки маҳшари саломи солими Сангвор ҳифз шавад, ибрат шавад, нашр ёбад, бозтавлид шавад, умумимиллӣ гардад.
Аз ин рӯ, бо ин навиштаи худ аз роҳбарони огоҳу фарҳангпарвари ноҳияи Сангвор, аз пирону бузургони бузургвори ин мардум, аз аҳли фарҳангу зиёи ин минтақа, аз омӯзгорону мураббиёни фарзандони Вахё, аз имомону хатибони ноҳия ва хоса, аз падарону модарони азизи Сангвор хоҳишу илтимос доштам, ки ин арзиши баланд ва ин хислати арҷмандро дар наслҳои нав низ нигоҳ доранд. Бигзор фарзандони мо дар ҳамин одобу салом тарбият ёбанд, то ин хислати беназир насб бар насл зиндаву ҷорӣ бошад.
Зеро ин шаклу ин шеваю ин сатҳу ин миқёси адабу салому эҳтиром на танҳо нуру ифтихори ин водии киром, балки як ганҷи арзишманд, як арзиши фарҳангӣ, як сарвати бебаҳои миллист. Он бахши муҳиме аз раванди эҳёи миллӣ хоҳад буд, тоҷи зебое аз бозшинохти асолати тоҷикӣ…