ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ 420
(+992) 37 233 69 65

ВОКУНИШ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба навори суҳбати Ҳабибуллоев Манучеҳр Толибович дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён”-и деҳаи Фонии ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки суҳбати мазкур тақрибан 8 моҳ пештар, дар моҳи рамазони соли ҷорӣ наворбардорӣ шудааст. Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки сокини ноҳия қабл аз оғози намози таровеҳ Ҳабибуллоев Манучеҳр аз ҳузур надоштани имомхатиби масҷиди мазкур Бобоҷонов Баҳодур истифода карда, худсарона бо мардум суҳбат оростааст. Ин дар ҳолест, ки Ҳабибуллоев Манучеҳр дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён” ҳеҷ гуна масъулият надорад.
Кирдори Ҳабибуллоев Манучеҳр аз ҷониби мақомоти қудратии шаҳри Панҷакент баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад.
Бо имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён” Бобоҷонов Баҳодур аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи дин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Возможно, это изображение текст «вокуниш»

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top