29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Пешвои миллат дар робита ба садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ба Президент ва мардуми бародари Қазоқистон ҳамдардиву таъзияи амиқ баён намуданд. Сарвари давлати мо таслияту ғамшарикии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин таманниёти шифои комилро ба ҳамаи осебдидагон иброз намуданд. Изҳори умед карда шуд, ки оқибатҳои садама ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарони давлатҳо алоқамандии ҷонибҳоро ба идомаи ҳамоҳангии зичи талошҳои ҷонибҳо дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Вобаста ба оқибатҳои фоҷеабори садама дар кони ангишт Президенти Тоҷикистон ба унвони Сарвари давлати Қазоқистон ҳамчунин барқияи таслият ирсол намуданд.