26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар замин аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Коргарони корхона нахуст нозукиҳои кор дар дастгоҳҳои истеҳсолиро омӯхта, дар коргоҳ мустақилона таҷҳизотро идора менамоянд. Айни ҳол 30 нафари дигар аз бахшҳои коромӯзӣ гузашта истодааст. Оянда бо ба роҳ мондани истеҳсолот дар ду баст шумораи коргарон афзоиш дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити корӣ ва раванди истеҳсолот дар корхона, ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардида баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани корхонаи пойафзолбарориро дар ноҳияи Рӯдакӣ заминаи хуби татбиқи панҷсолаи рушди соҳаи саноат арзёбӣ карданд.
Дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”, дар як рӯз 500 ҷуфт пойафзол истеҳсол карда мешавад.
Пойафзоли занона, мардона ва бачагона номгӯи молҳои дар корхона истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад ва маҳсулоти он ивазкунандаи воридот мебошад.
Дар коргоҳҳои корхона 26 адад дастгоҳи пойафзолдӯзӣ, 1 дастгоҳи гулзанандаи пойафзол, 4 адад дастгоҳи буррандаи чарм ва 39 дастгоҳи дигари пойафзолдӯзӣ насб гардидааст, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.
Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба бозори дохилӣ рақобатпазир буда, барои таъмини эҳтиёҷоти мардум ба фурӯш бароварда мешавад.
Баъди ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ” ва суҳбати самимӣ бо коргарон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Дар намоиш 20 намуд пойафзоли занона, мардона ва бачагона ба маъраз гузошта шуда буд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда, бо зиёд намудани ҳаҷми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот саҳми муносиби худро гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни ҳол 21 корхонаи истеҳсоли пойафзол фаъолият дорад.
Дар 9 моҳи соли 2023 1 ҳазору 190 ҷуфт пойафзол истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ, аз дастгирӣ ёфтани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.